ХАТМКУНАНДАГОН ОГОҲОНИДА ШУДАНД

800 просмотров

 

Моҳи июни соли равон 18 нафар ҷавонон курси тракторчӣ – машинисти истеҳсолоти кишоварзии муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии саноатии кишоварзии ноҳияи Деваштич», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Яхтанро ба итмом расониданд.

Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич ва маъмурияти муассиса маросими шаҳодатномасупорӣ ба хатмкунандагон ба чорабинии маърифатӣ – иттилоотӣ табдил дода шуд.

Дар оғоз сарвари литсей Ғ. Қодиров хатмкунандагонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, хатми таҳсил ва соҳиб шудангашон ба касби тракторчӣ – машинисти истеҳсолоти кишоварзӣ муборакбод гуфт ва дар зиндагию корҳои минбаъдаашон барору комёбӣ таманно кард.

Баъдан мудири бахши Хадамоти муҳоҷират С. Баҳодурова оид ба ҷиҳатҳои мусбату манфии муҳоҷирати меҳнатӣ, моҳияти қонунҳои федералии амалкунандаи Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷират,  қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, аҳамияти касбу забономӯзӣ андешаҳои худро баён намуда, ҳамзамон онҳоро аз хатарҳои ҷаҳони муосир огоҳ кард.

Дар ин радиф муовини директори литсей оид ба таълими истеҳсолӣ Ш. Худоёров аз хатмкунандагон даъват ба амал овард, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба доми фиреби душманон ва бадхоҳони давлату ҳукумат наафтанд, аз аъзошавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро худдорӣ карда, бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва тинҷию амонӣ ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.

 

                                                                               Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                          дар ноҳияи Деваштич