Семинари  судбахш

19 просмотров

Аз  12 то  18  июни  соли  равон  дар Маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ аз тарафи кормандони Донишкадаи  такмили  ихтисоси  Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва  мудирони бахшҳои шаҳрию ноҳиявии он дар мавзӯи «Тартиби амалӣ  намудани  муҳоҷирати экологӣ  ва  дохилӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон» семинарии  дастурӣ   гузаронида  шуд.

Мақсади  асосии  семинар  ба низом даровардани  муҳоҷирати  экологӣ  ва дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаматарафа шарҳи додани Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон буд.

Ба иштирокчиёни семинар дастур дода шуд, ки чун шахсони мутасаддии ташкили муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ кормандон бояд, пеш аз ҳама байни  ахолӣ бояд сиёсати давлатро дар самти муҳоҷирати  дохилӣ  ва ихтиёрӣ  дуруст  таблиғ намоянд, мазмуну мундариҷаи Низомномаи тартиби муҳоҷирати  дохилӣ  ва  экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  онҳо дуруст  фаҳмонанд.

Дар семинар инчунин мубодилаи васеи афкор оид ба тарзи фаҳмондадиҳии сиёсати давлат дар соҳаи муҳоҷирати дохилӣ, фаҳмонда додани мазмуну мундариҷаи Низомномаи муҳоҷирати дохилӣ  дар байни аҳолӣ, тарзи ташкили қабули муҳоҷирон дар маҳалли нави зист, таҳияи маҳзани маълумот, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба муҳоҷирони экологӣ ва дохилӣ сурат гирифт.

Дар  семинар Сардори шуъбаи Хадамоти муҳочират дар  ВМКБ Қаниев Мулкамон иштирок намуда, оиди сафари хизматии аъзоёни комиссияи вилоятӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлони итилоъ дода, қайд намуд, ки барои  муҳоҷирони экологӣ ва ихтиёрӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

                                                                                               Хушназаров Ф.

                                                                             мутахассиси пешбари  Шуъбаи

                                                                            Хадамоти  муҳоҷират дар ВМКБ