Ҷамбасти шаш моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

32 просмотров

Дар маҷлиси ҳисоботие, ки Хадамоти муҳоҷират оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда доир кард, муовини сардори Хадамот Толиб Шарипов, аз ҷумла иброз намуд, ки ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи  муҳоҷират ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ  аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”таҳия  ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида (аз 06 марти соли 2019, №1231)  ба имзо расид.  Номвар дар маърузаи ҳисоботии худ бурду бохти тамоми самтҳои фаъолияти Хадамотро мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастурҳои мушаххас пешниҳод кард.

У қайд кард, ки тибқи Фармони мазкур квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ба 7500 нафар муқаррар карда шуд. Фармони мазкур бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии танзими давлатии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар дохили кишвар, тақвияти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳимояи бозори дохилии ҷумҳурӣ  равона гардидааст.

19-20 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии 16 – уми Комиссия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бо ҷониби Федератсияи Россия баррасӣ карда шуданд. Аз ҷумла: эълон намудани авфи навбатӣ нисбати шаҳрвандони ҶТ, ки дар ФР ба қонунвайронкуни ночиз   роҳ доданд. Масъалаи мазкур ҷониби мақомоти ФР қарор дорад. Инчунин ҷонибҳо зарур шумориданд, ки минбаъд корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳиро ҷиҳати будубош ва дигар масъалаҳои заруриро байни муҳоҷирони меҳнатие, ки дар ФР фаъолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд, пурзӯр мекунанд.   Солҳои  охир бо мақсади тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ истифодаи  самараноки  қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва татбиқи сиёсати диверсификатсияи (гуногунсамтии) муҳоҷирати меҳнатии  шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо як қатор давлатҳои хориҷӣ  созишномаҳои марбутаи  ҳамкорӣ баста шуданд.

Аз ҷумла, созишномаҳои баимзорасонишудаи байниҳукуматӣ дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷрои он моҳи марти соли ҷорӣ эътибори мутақобил пайдо намуданд. Тибқи муқаррароти онҳо шаҳрвандони Тарафҳо ҳангоми ворид гардидан ба қаламрави якдигар ба муҳлати 30 рӯз аз бақайдгузорӣ дар маҳали будубош озод мебошанд ва муҳлати будубоши онҳо аз рӯзи убури сарҳади давлатӣ то 90 рӯзи тақвимӣ муайян карда шудааст.

Инчунин, 3 феврали соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар ба имзо расонида шуд. Санади ҳуқуқии  мазкур баъд аз гузаронидани расмиёти дохилидавлатии Тарафҳо эътибор пайдо хоҳад намуд.

Бояд тазаккур дод, ки зимни  сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баамалбарории фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ба имзо расонида шуд.

Айни ҳол, ҷиҳати баимзорасонии 5 лоиҳаи созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, оид ба реадмисия, дар бораи мақоми хуқуқии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва Намояндагиии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди  Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа корҳо тақвият дода шуда, лоиҳаҳои мазкур дар баррасии  Тарафҳо қарор доранд.

Ҳамзамон, дар ин муддат бозорҳои меҳнати давлатҳои Лаҳистон, Чехия, Олмон, Қувейт ва Кореяи Ҷанубӣ ҷиҳати сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишварҳо мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шудааст.

Вобаста ба корҳои иҷрошуда сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон, инчунин шуъбаву бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» гузориш доданд.

Дар фарҷом Саидасрор Саидов сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, аз фаъолияти кормандони Хадамоти муҳоҷират дар 6 моҳи соли ҷорӣ қаноатмандӣ намуда, иброз намуд, ки он камбудиҳои ҷойдошта ҳарчӣ зудтар бартараф намоянд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта ва пурзур намудани самтҳои фаъолият кормандонро вазифадор намуд.

                                                                                         Анвар ЮСУПОВ