ОИД БА ПЕШГИРИИ СӮИИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР

759 просмотров

 

 

16-уми июл дар маҷлисгоҳи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенҳти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи Шӯрои вилоятии  ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа оид ба вазъи нашъамандӣ ва ба қайд гирифтани ҳолатҳои фавт аз натиҷаи сӯиистеъмоли маводи нашъаовар дар муассисаҳои наркологӣ ва экспертизаи судӣ – тиббӣ сардори Раёсати тандурустии вилоят Ф. Мақсудзода ва оид ба иҷрои Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар дар соли 2018 сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят М. Каримзода гузориш дод.

Дар идомаи ҷаласа оид ба фаъолияти Шӯрои маҳаллии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва иҷрои Нақшаи фаъолияти Шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозӣ дар соли 2018 ҳисоботи муовини раиси шаҳри Исфара М. Бобоиён ва муовини аввали раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров –Ф. Орифӣ шунида шуд.

Баъди таҳлил ва муҳокимаи ҳаматарафа дар интиҳои ҷаласа Нақшаи фаъолияти Шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар дар нимсолаи дуюми соли 2019 тасдиқ гардид. Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро дар ин ҷаласа мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Диловар Муродов намояндагӣ кард.

 

                                                             Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                 дар вилояти Суғд