Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед

749 просмотров

 

Ҳафтаи  сипаригашта дар толори хурди Макомоти иҷроияи   маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон вохӯрии  муовини  Сардори  Кумитаи  амнияти  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Мирзоев  Нусратулло  бо кормандони  идораву  муассисаҳо  дар  ноҳия  фаъолиятдошта  баргузор  гардид.

Мавсуф  дар  баромадаш  оид  ба  вазъи  мураккаби геополитики  сайёра,  бархурди  сиёсати  давлатҳои  абарқудратро  шарҳ  дода таъкид  бар  он  доштанд,  ки  кормандони  идораву  муассисаҳои  ноҳия ҳамчун  хизматчии давлатӣ дар мубориза бо ҳар гуна қонунвайронкуниҳо  бетарафи  зоҳир  нанамуда  зиракии  сиёсиро  аз даст  надиҳанд  ва  паҳлу  ба  паҳлу  бо  сохторҳои  қудратӣ  ва  дигар  сохторҳои  масъул бо ҳар  гуна  зуҳуроти  номатлуби  ҷомеъа  муборизаи  беамон  баранд.

Дар ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии  тоҷикони бурунмарзӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои  фаҳмондадиҳиро ба  роҳ  монанд  то,  ки  шомилшавии  ҷавонони  таҷрибаи   зиндагӣ надоштаро  ба   сафи  ташкилоту  созмонҳои  иртиҷоӣ, терористӣ-экстремистӣ боздоранд

Вохӯриро раиси ноҳия Гиёзода Азиз Қодир  ҳусни   ифтитоҳ бахшида  меҳмононро бовар кунонид, ки Макомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти   давлатии ноҳия ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ нақша – чорабинии мушаххасро таҳия, гурӯҳи салоҳиятнокро аз байни  кормандони  масъул  ташкил  намуда  иқдомҳои  пешгирифтаро  тавассути  ташкилоти  ҷамъиятии  «Хирад»-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии   ноҳия ва дигар шахсони  масъул, ба роҳ мемонанд.

 

                                                                  Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                            дар  ноҳияи Шуғнон