Ҷаласаи якҷоя

952 просмотров

 

19-уми июл дар толори маҷлисгоҳи Раёсати тандурустии вилояти Суғд ҷаласаи якҷояи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ), сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар вилояти Суғд доир гардид.

Дар рафти ҷаласаи якҷоя масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

  1. Ҷараёни татбиқи “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2020”;
  2. Ҷараёни татбиқи Нақшаи миллии “Стратегияи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015– 2020”;
  3. Ҷараёни иҷрои нақшаи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020” оид ба пешгирии бемории вараҷа”;
  4. Вазифаҳои аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар вилояти Суғд;

Ҷаласаи муштарак таҳти раисии муовини навтаъини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷараён гирифта, дар рафти он ҳисоботи масъулин оид ба барномаву нақшаҳои болозикр шунида шуд.

Зимни суханрониҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо қишри осебпазири ҷомеа арзёбӣ шуданд. Пешниҳод гардид, ки барои баъди бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаштани онҳо тадбирандешӣ намуда, марказҳои ташхисии махсус ташкил карда шавад.

Ҷаласаи муштарак бо вазифагузориҳои намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид. Дар ин ҷаласа сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Аҳмадхӯҷа Ахмедов ба ҳайси намояндаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ширкат варзид.

 

                                                                                Мардон ҚУРБОНОВ