Нишасти матбуотии муштарак

827 просмотров

 

Ин навбат ҳам дар асоси ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шуъбаю бахшҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳо тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09.2011, №АП-1729, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода 18 июли соли равон ба имзо расидааст, 30-юми июл нишасти матбуотии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ доир гардид. Дар нишаст намояндагони васоити ахбори оммаи чопӣ ва электронии давлатию ғайридавлатии маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Чун дар нишастҳои қаблӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади додани маълумоти бештар ба кормандони воситаҳои ахбор оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2019 дар ҷузвдони махсус ба онҳо варақаи иттилоотӣ Пресс – релиз), маводҳои конселярӣ, шумораҳои охирини рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират», дастурамалҳои ба муҳоҷирати бехатар, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, бемориҳои гузаранда, аз ҷумла ВНМО бахшидашуда дастрас намуд. Ҳамин гуна варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти нимсолаи Сарраёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ ба рӯзноманигорон тақсим гардид.

Дар оғози нишаст кормандони воситаҳои ахбор гузориши сардори Раёсат Зайнура Шарифиро оид ба  фаъолияти Раёсат дар давоми моҳҳои январ – июни соли 2019 шуниданд. Баъдан сардори Сарраёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Шермуҳаммад Нодирӣ ва муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Суғд Рустамҷон Мансуров гузориш доданд.

Дар рафти саволу ҷавоб сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои додаи намояндагони агентиҳои иттилоотии «Азия – плюс» Мавлуда Рофиева, «Согд-нюс» Мадина Почоева, «Спутник» Қамари Аҳрор, нашрияҳои «Минбари халқ» Абдусабури Абдуваҳҳоб, «Суғд ҳақиқати» Турсуной Дӯстматова, «Тирози ҷаҳон» Мавзуна Ваҳҳобова, радиои «Пайванд» Ҷамшед Маъруфов ва дигарон посух дод. Рӯзноманигорон бештар ба масоили тартиби бақайдгирии муҳоҷирон, муайян намудани шумораи аниқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар хориҷа, танзими фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, сабабҳои нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта имсол зиёдтар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили шомилшавии муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, рафти корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо, саҳми ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар дар ободонии диёр, ҳамкорӣ бо марказҳои миллӣ – фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон дар Федератсияи Русия, муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилоят, шумораи муҳоҷирони вафоткарда ва сабабҳои марги онҳо мароқ зоҳир намуданд. Аксари саволҳои додашуда вобаста ба  муҳоҷирати меҳнатӣ буд, аҳли эҷод ба муҳоҷирати дохилию экологӣ камтар мароқ зоҳир намуданд.

Дар ҷамъбасти нишаст Зайнура Шарифӣ барои иштироки фаъолона ба рӯзноманигорон изҳори миннатдорӣ намуда, баён дошт ки ҳамкории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо мунтазам густариш меёбад ва ин падидаи нек аст.

Бари инъикос намудан рафти нишасти матбуотӣ аз ҷониби телевизионҳои маҳаллии «7 ситора», «Азия» ва  «СМ-1» пурра наворбардорӣ шуд.

                                                              Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                  дар вилояти Суғд