Фаъолияти нимсола ҷамъбаст шуд

803 просмотров

     

 

30-юми июли соли равон бо  иштироки  кормандони дастгоҳи  Раёсат, сардорони шуъба ва мудирони  бахшҳои  Хадамоти муҳоҷират дар  шаҳру  ноҳияҳо, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан,     ҳамчунин сарвари муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд Зоидҷон Қурбонов ҷаласаи ҳисоботии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид, ки дар рафти он ду масъала – натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019, ҳамчунин масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ шуд.

Ҷаласаи ҳисоботиро бо сухани ифтиҳтоҳӣ сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ оғоз намуда, баён дошт, ки мо бо рӯҳу илҳоми тоза аз Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019 – 2021, сафари кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ташрифи сарварон ва намояндагони 26 кишвари дунё ба шаҳри Душанбе ва дар сатҳи олӣ доир гардидани Ҳамоиши навбатии Машварат оид ба ҳамкории муштарак ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё нимсолаи аввали соли равонро ҷамъбаст намудем. Дар давраи ҳисоботӣ бахшида ба ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилояти Суғд корҳои бунёдкорию созандагӣ равнақу ривоҷи тоза гирифт ва дар ин раванд кормандони дастгоҳ ва сохторҳои зертобеи Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо низ фаъолона иштирок намуданд.

Барои дар сатҳи хуб ва ҷавобгӯ ба талабот ба роҳ мондани фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз дастгирии доимии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти муҳоҷират, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шахсан Раиси вилоят бархурдор будем ва аз ин боис, албатта, сидқан сипосгузор ҳастем.

Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми шашмоҳа самтҳои мухталифи фаъолияти Раёсат чанд маротиба мавриди санҷиш қарор гирифт. Аз ҷумла, шуъбаи аудити дохилии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи назорати Прокуратураи вилояти Суғд фаъолияти молиявии Раёсатро вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиши амиқ қарор доданд.

Ҳамзамон дар асоси нақшаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 14 – 15 майи соли равон 33 нафар хизматчиёни давлатӣ – кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо бо аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки натиҷаҳои он ба ҳамаи иштирокчиёни маҷлис маълум аст.

Бояд гуфт, ки гурӯҳи аттестатсионӣ таҳти роҳбарии сардори Хадамоти муҳоҷират муҳтарам Тоҳир Каримзода тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона намуд, ки аттестатсия аз рӯи талаботи қоидаҳои аз аттестатсия гузаронидани хизматчиёни давлатӣ ҷараён гирад. Ҳамзамон ҷиҳати шаффофу холисона гузаштани аттестатсия  ва баҳои воқеӣ додан ба донишу малакаи ҳар нафар хизматчии давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Сумангул Тағойзода ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. Дар доираи сафари мазкур ба шаҳру ноҳияҳо Сардор ва намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят вазирро ҳамроҳӣ намуданд ва масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати дохилию экологӣ ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Илова бар ин, дар асоси фармоиши Сардори Хадамоти муҳоҷират аз 5 июни соли 2019, №21-СХ гурӯҳи корӣ дар ҳайати сардори шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ ва мутахассиси пешбари шуъбаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират аз 7-ум то 17-уми моҳи июн дар вилояти Суғд бо сафари хизматӣ қарор доштанд. Ин гурӯҳи корӣ дар доираи сафари хизматӣ фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди вилояти Суғд ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби онҳоро мавриди санҷиш қарор дод.

Дар рафти санҷишҳои давоми нимсола гузаронидашуда ягон камбудии ҷиддӣ ошкор нагардид ва баъзе нуқсонҳои ҷузъии ҷойдошта дар ҷояшон ислоҳи худро ёфтанд.

Тавре огоҳ ҳастед, 11-ум ва 12-уми июл ҷаласаҳои ҳисоботӣ дар Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд. Дар рафти ин маҷлисҳо фаъолияти Раёсати мо ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо ҳам баҳогузорӣ шуд. Боиси хурсандист, ки фаъолиятамон дар аксари самтҳо хуб арзёбӣ гардид.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, супоришу вазифагузориҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Сумангул Саид, сардори Хадамоти муҳоҷират муҳтарам Тоҳир Каримзода ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021, ҳамзамон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ аз ҳар нафари мо ҳисси баланди меҳнатдӯстию масъулиятшиносӣ ва ташаббускорию ташкилотчигиро тақозо менамояд.

Ҳисоботи Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии Раёсат Ҳусейнҷон Зоидов қироат намуд. Ҳисобот ҳамаи самтҳои фаъолиятро дар бар гирифта, хусусияти таҳлилию танқидӣ дошт ва диққати бештар ба масъалаи танзими муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо, дарёфти роҳҳои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта, боз ҳам тақвият бахшидани кор равона гардид.

Таъкид шуд, ки танзими раванди муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ яке аз самтҳои асосӣ ва сермушкилоту сермуаммои соҳаи муҳоҷират ба ҳисоб меравад. Дар миқёси вилояти Суғд ноҳияи Зафаробод ноҳияи қабулкунандаи муҳоҷирон аст. Дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Хуҷанд, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Ашт ва  Кӯҳистони Мастчоҳ муҳоҷирати дохилию экологӣ роҳандозӣ мешавад. Тибқи қарорҳои Ҳукумати кишвар бояд як қисми муайяни ин муҳоҷирон ба ноҳияҳои Ҷайҳуну Хуросони вилояти Хатлон ва ба таври ихтиёрӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кӯчонида шаванд. Пурра фароҳам набудани инфрасохтори зарурӣ, ки бояд аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фароҳам оварда шавад, дар роҳи таъмини иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати мамлакат монеа гардида истодааст.

Илова бар ин, дар мавриди таҳияву тасдиқи рӯйхати муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ, ба тасвиб расонидани қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба тақсимоти қитъаҳои замин, ҷудо намудани қитъаи замин ва додани сертификат оид ба истифодаи он, истифодаи мақсадноки қарзҳои имтиёзнок ва баргардонидани қарзҳои муҳлаташон баохиррасида, ба манзилҳои нав кӯчонидани муҳоҷирон камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд, ки давоми нимсола аз ҷониби мақомоти прокуратура дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Ашту Панҷакент ошкор гардиданд.

Вобаста ба корҳои иҷрошуда, мушкилоту муаммоҳои ҷойдоштаи муҳоҷирати дохилию экологӣ баъди баёни андеша ба саволҳои сардори Раёсат сардорони шуъба ва мудирони бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Исфара Мустақим Ахмедов, Ашт Нодира Назарова, Деваштич Санавбвар Баҳодурова, Айнӣ Баҳрулло Ғайбуллоев, Зафаробод Илҳом Турсунов, Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадносир Ниёззода, Ҷаббор Расулов Олимҷон Узоқов посух гуфтанд.

Дар идомаи маҷлис оид ба рафти бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандон ба хориҷа мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан Алишер Хидиров, оид ба санҷишҳои назоратӣ дар корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбаранда мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Фаррух Самадов гузориши кӯтоҳ доданд. Таъкид гардид, ки давоми нимсола аз ҷониби шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар аксари шаҳру ноҳияҳое, ки корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбаранда мавҷуданд, дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ кори назаррас ба анҷом нарасидааст. Дар рафти амалиёти махсуси “Нелегал” низ ҳамин ҳолат ба назар расид. Давоми нимсола ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии шаҳрвандони хориҷиро асосан кормандони дастгоҳи Раёсат, шуъбаю бахшҳои зертобеъ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан, шаҳрҳои Панҷакент, Бӯстон ва Истиқлол ошкор намудаанд. Ҳол он ки дар шаҳру навоҳии Гулистон, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Мастчоҳ ва ғайра низ шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият мебаранд. Аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров шумораи онҳо ба садҳо нафар мерасад. Аз ҷониби сардори Раёсат масъулини шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудудашон корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбаранда мавҷуданд, ҷиҳати давра ба давра ташкил намудани санҷишҳои назоратӣ ва иштироки фаъолона дар амалиёти махсус бо номи шартии “Нелегал” вазифадор шуданд.

Оид ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, кор бо муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда ва муҳлати воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъгардида, ҳуҷҷатнигорию коргузорӣ, таҳия ва пешниҳоди ҳисоботу гузоришҳо, роҳандозии корҳои иттилоотию маърифатӣ дар маҳалҳо ва дигар вазифаҳои хизматии базимадоштаашон Зайнура Шарифӣ бо сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд Манзурат Саторова, Гулистон Фирӯз Ҳодиев, Конибодом Боҳирҷон Шарифов, Истаравшан Ҳабибҷон Ҷумъазода, Истиқлол Фахриддин Ойматов, Исфара Мустақим Ахмедов, Зафаробод Илҳом Турсунов, Мастчоҳ Маҳадбоқӣ Қурбонов, Шаҳристон Анварҷон Ғозиев саволу ҷавоб кард. Ба шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат супориш дода шуд, ки гурӯҳи корӣ ташкил намуда, дар давоми моҳҳои август – сентябр фаъолияти тамоми сохторҳои зертобеъро мавриди санҷиш қарор диҳад ва кӯмаки амалию методӣ расонад.

Дар рафти маҷлиси ҳисоботӣ масъалаи обуна ба нашрияи соҳавии “Шуғл ва муҳоҷират”, ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор, корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбаранда низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тамоми сохторҳои зертобеъ ҷиҳати таъмини меъёри муқарраргардидаи обуна вазифадор гардиданд. Сардори Раёсат иттилоъ дод, ки ин маъракаи муҳим аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич оғоз бахшида шуд.

Ҳамзамон сардори Раёсат иштирокчиёни маҷлиси ҳисоботиро бо матни мактуби сардори Раёсати ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” Биҳоҷал Раҳимова ба унвони Раиси вилояти Суғд шинос намуда, иттилоъ дод, ки байни Раёсат ва ташкилоти мазкур шартнома оид ба ҳамкорӣ таҳия шудааст ва ҳоло дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад. Самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” роҳандозии корҳо барои таъмини пойдорӣ ва устувории оилаҳо, интихоб ва омода намудани занони сарвар, пешгирии ҳама гуна падидаҳои номатлуб, аз ҷумла тундгароиву ифротгароӣ, савдои одамон, истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, бемориҳои сироятӣ, истисмори одам аз ҷониби одам, мусоидат ба ҳалли мушкилоту муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати муҳоҷирон ва аъзои оилаашон мебошад. Лоиҳаи ташкилот бо мақсади амалисозии “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021” аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ аз моҳи июни соли 2019 то моҳи июни соли 2020 дастгирӣ ёфтааст. Бо пешниҳоди итттилои мазкур сардори Раёсат ба масъулини сохторҳои зертобеъ дастур дод, ки дар самти ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ аз дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” самаранок истифода баранд.

Сардори Раёсат аз ҳамкории босамар бо Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Хуҷанд” ёдовар шуда, иттилоъ дод, ки тибқи нақшаи Хадамоти муҳоҷират ҳамин гуна марказҳо дар шаҳри Панҷакент ва Исфара ҳам кушода мешаванд.

Директори Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Хуҷанд” Зоидҷон Қурбонов дар рафти суханрониаш  иштирокчиёни маҷлисро ба боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ даъват намуда, баён дошт, ки муассиса метавонад сохторҳои зертобеи Раёсатро дар самти ба таври ройгон аз ташхиси тиббӣ гузаронидани муҳоҷирони меҳнативу аъзои оилаи онҳо, дарёфти ҷои кор дар хориҷа ва дастрас намудани маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ барои паҳнкунӣ дастгирӣ намояд. Кормандони марказ барои иштироку суханронӣ дар чорабиниҳои дар шаҳру ноҳияҳо ташкилмешуда имконияту шароити хуб доранд ва сохторҳои зертобеи Раёсат метавонанд аз он истифода баранд.

Қабл аз ҷамъбасти маҷлис сардори Раёсат чанд нафар кормандони нав ба вазифа таъиншударо ба аҳли толор шинос намуд ва ба ҳамаи иштирокчиён хонаободиву сарбаландӣ таманно кард.

Мардон ҚУРБОНОВ