Дар ду рӯз ду мулоқот

776 просмотров

 

Дар маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо, ки ҳафтаи гузашта доир шуд, нақшаи ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2019 тасдиқ гардид. Тибқи нақшаи мазкур дар ин давра ҷамоати шаҳрак ва деҳоте фаро гирифта мешаванд, ки номашон дар нақшаи қаблӣ мавҷуд набуд.

Ёдовар мешавем, ки дар умум давоми моҳҳои январ – июни соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 207 адад чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ бо фарогирии 19725 (занҳо 6022, мардҳо 13703) нафар шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо гузаронида шуданд. Аз ҷумла 193 чорабинӣ бо фарогирии 12710 нафар (мардҳо 9679, занҳо 3046) нафар ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм бахшида шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми нимсолаи аввал дар самти ташкили мулоқот бо аҳли ҷомеа ва бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд хеле  фаъол буд ва дар ҷои аввал қарор дошт. Рафти аксари чорабиниҳои гузаронидаи шуъба аксбардорию наворбардорӣ ва тавассути васоити ахбори оммаи чопию электронӣ инъикос шудааст. Падидаи ҷолиб дар ин самти фаъолият ҳамкории босамари шуъба бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ, Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд, кумитаи маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ҷомеа мебошад.

Аз рӯи нақшаи нави тасдиқгардидаи чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ низ нахустин шуда корбариро шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд оғоз бахшид. Давоми ду рӯз дар ду маҳаллаи калони маркази вилоят – “Суғдиён” ва “Сирдарё” бо сокинон мулоқот ороста, гурӯҳи ташвиқотию тарғиботӣ дар ҳайати кормандони шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раисони кумитаи ин маҳаллаҳо ва фаъолони ҷомеа дар байни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, роҳу усулҳои пешгирӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосирро фаҳмониданд. Маводҳои ташвиқотию тарғиботии ба иштирокчиён тақсимшуда бешак ба баланд гардидани сатҳи донишу маърифати онҳо мусоидат хоҳад кард.

 

                                                                              Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                               дар шаҳри Хуҷанд