ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

758 просмотров

6-уми августи соли 2019, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бинои маъмурии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд.

Бояд қайд кард, ки дар ифтитоҳи бинои маъмурӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид ва кормандони масъули сохторҳои вазорат дар ноҳияи Балҷувон низ иштирок намуданд.

Бинои маъмурӣ дар доираи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бунёд шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бинои мазкур аз 9 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, 4 синфхона барои омӯзиши таъмири корҳои сантехникӣ, маишӣ, қаннодӣ ва барқӣ иборат буда, дар он сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷират, инчунин филиали МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ҷойгир карда шудаанд.

Дар ошёнаи якуми бино синфхонаҳои омӯзишӣ барои касбу ихтисосҳои «Таъмири техникаи маишӣ», «Сантехник», омӯзиши корҳои назариявӣ ва амалӣ барои ихтисоси «Қаннод», утоқи қабули шаҳрвандон, намояндагии филиали МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»-и ноҳияи Темурмалик дар ноҳияи Балҷувон ҷойгир буда, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ, утоқҳои кории бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Балҷувон ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо феълан бо таҷҳизоти замонавӣ пурра муҷаҳҳаз гардида, дар як баст то 30 нафар касбомӯз ба омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ фаро гирифта мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур далели ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушду такомули соҳаи хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

                                                                         Вазорати меҳнат, муҳоҷират

                                                                                     ва шуғли аҳолии ҶТ