Вохӯриҳо ба манфиати шаҳрвандон

804 просмотров

 

Кормандони шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза дар синфхонаи Раёсат бо сокинони пойтахт ва шаҳрвандони аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷуҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯриҳо баргузор менамоянд.

Зимни суҳбатҳо бо муроҷиаткунандагон кормандони шуъба ба масъалаҳои тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷират, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, баланд бардоштани маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб таваҷҷуҳ медиҳанд. Аҳли нишастро ба бунёдкорию созандагӣ даъват намуда, таъкид мекунанд, ки насли ҷавон бояд ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.

Ҳамчунин онҳо доир ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, қоидаҳои буду боши муҳоҷирон дар давлати қабулкунанда суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки рӯзе то 100 нафар сокинони ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои санҷиши маҷбуран берун кардан (депортатсия), иҷозаи кор ва патент дар Россия, вакансияҳои ҷойҳои кори холӣ дар хориҷа, ба расмият даровардани хуҷҷатҳо, бедарак гаштани хешовандони наздик ва ба Ватан баргардонидани онҳо ва ғайра ба шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиат менамоянд.

Бори дигар таъкид менамоем, ки дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ному насаби шаҳрвандони кишварамон аз тариқи рӯйхати беруншудагони маҳзанаи иттилоотии Сарраёсати ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират (Собиқ ФМС РФ) ҳамарӯза ворид мешаванд. Дар навбати худ кормандони шуъба зуд ба саволҳои муроҷиаткунандагон посух дода, дар баробари ин бо онҳо низ ҳамсӯҳбат мешаванд.

                                                                                    Анвар ЮСУПОВ