Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат

793 просмотров

Дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо ва донишҷӯёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, барқарор намудани робитаи доимӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоту муаммоҳои онҳо дар баробари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази  диққату фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, хосатан Раиси ҳизб –  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз ҷумлаи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ба ҳисоб меравад.

Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ (ш. Душанбе, 07.02.2019) чунин вазифагузорӣ намуданд: “Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамватанони мо ҳастанд. Бинобар ин, робитаро бо онҳо бояд мустаҳкам кунем ва ба назди онҳо гурӯҳҳои таблиғотиро сафарбар намоем. Ин амал барои тақвияти худшиносиву таҳкими ваҳдати миллӣ хеле муҳим аст.

Корро тавре ташкил бояд кард, ки муҳоҷирон пайванди худро бо Ватан ва халқи худ ҳамеша эҳсос намоянд ва дарк кунанд, ки онҳо дар мадди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳамчунин бо донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда робита барқарор намуда, нерӯи зеҳнии онҳоро барои ободии Ватан истифода бояд кард”.

Мулоқоти рӯзи 16-уми август дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, раиси ячейкаи ҲХДТ дар Федератсияи Русия Саидбек Мирзомудиинов ва муовини ӯ Абдусамад Абдураззоқов доир гардида нишон дод, ки дар самти иҷрои вазифагузории мазкур на танҳо дар дохили кишвар, балки дар Федератсияи Русия ҳам корҳои муайян ба иҷро мерасанд. Ёдовар мешавем, ки дар чорабинии мазкур раисони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён, дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маркази вилоят, фаъолону собиқадорони ҳизб ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Матлубахон Амонзода ифтитоҳ ёфт. Номбурда баъди  шиносонидани меҳмонон онҳоро аз номи аҳли толор хайрамақдам гуфт ва барои ташрифашон миннатдорӣ баён кард.

Дар рафти суханронии муқаддимавии худ раиси кумитаи иҷроияи вилоятӣ аз ҷашни мубораки дарпешистодаи 25-солагии ҲХДТ, Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, ки 7-уми феврали соли равон доир гардида буд ва маърӯзаи пурмуҳтавои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Таъкид намуд, ки ин маърӯза муҳимтарин самтҳои фаъолияти аъзоён ва алоқамандони ҲХДТ-ро муайян намуд ва дар Радифи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи амал ва дастури роҳнамои онҳо мебошад.

– Боиси сарфарозист, ки Барномаи пешазинтихоботии ҳизби маҳбуби мо бо Барномаи амали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам аст,- гуфт Матлубахон Сатториён. – Имрӯз дар ҳар ободию пешрафте, ки дар кишварамон мешавад, нақши дасти аъзоёну алоқамандони ҲХДТ равшан ба назар мерасад. Дар доираи 1300 рӯзи ободонию созандагии ба пешвози ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон эълоншуда ҳизбиён даст ба амалҳои хайр зада, дар татбиқи чор ҳадафи миллӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас гузошта истодаанд. То ин ҷашни муборак дар ҳудуди вилояти мо бунёди 6 ҳазору 100 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст ва барои ноил гардидан ба ин мақсад аъзоёну алоқамандони ҲХДТ низ тамоми кӯшишу ғайраташонро равона сохтаанд.

Матлубахон Амонзода вобаста ба хатарҳои ҷаҳони муосир низ ибрози назар намуда, дар симои аҳли толор аҳли ҷомеа, махсусан падару модарон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват кард.

Раиси ячейкаи ҲХДТ дар Федератсияи Русия Мирзомудиинов Саидбек саломи паёми ҳамватанони бурунмарзиро ба аҳли толор расонид ва баён дошт, ки мақсад аз мулоқоти имрӯза мубодилаи афкор, саволу ҷавоби озод, шунидани фикру андеша ва пешниҳоду дархости иштирокчиён оид ба масоили ҳизбӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоту муаммоҳои он мебошад. Ин гуна мулоқот аллакай дар ноҳияи Ашт ва шаҳри Гулистони вилояти Суғд доир гардид ва дар дигар шаҳру навоҳӣ ҳам гузаронида мешавад.

– Ҳоло, ки дар остонаи таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон қарор дорем, мехоҳам чанд мисоли муқосавӣ орам,- баён дошт Саидбек Бекович, – то маълум шавад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба чӣ комёбиҳо ноил шудаем. Давоми понздаҳ соли охир рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ватанамон ба ҳисоби миёна 7,8% -ро ташкил медиҳад. Қисми даромади буҷети давлатӣ аз 300 ҳазор то ба 24 миллиард сомонӣ баробар шуд. Дар ин радиф даромади аҳолӣ 25 баробар, ҳаҷми пасандозҳо 85 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ аз 83% то ба 29% паст фаромад.

Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои 80 созмони бонуфузи байналмилалию минтақавӣ аст ва бо 140 давлати дунё робитаи дипломатӣ дорад. Дар ҳайати хизматчиёни давлатӣ беш аз 50%, дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 24%-ро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд.

Ин гуна рақамҳо ва мисолҳоро боз фаровон овардан мумкин аст. Аз ҳамин чанд мисолу рақами овардашуда ба хубӣ аён мегардад, ки дар як фурсати кӯтоҳи таърихӣ ба чӣ гуна комёбиҳои бузург ноил шудем, кӣ будему кӣ шудем. Бинобар ин, хурду калон бояд шукргузор аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, озодиву соҳибватанӣ, сулҳу ваҳдат ва тинҷию амонӣ бошанд.

Бино ба иттилои номбурда ташкилоти ҳизбии “Иттиҳод” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 3,5 ҳазор аъзои ҳизбро муттаҳид намудааст, ки муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд. Қабули аъзо дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, дар ин маврид диққати аввалиндараҷа ба сифат равона мегардад. Муҳоҷирони меҳнатӣ баъди таҳқиқи ҳаматарафа ба сафи ҳизб пазируфта мешаванд.

Тибқи меъёрҳои амалкунандаи қонунгузорӣ дар миқёси як давлат фаъолият намудани ҳизби сиёсии кишвари дигар қатъиян манъ аст. Аммо, бо назардошти бунёдкору созанда, нерӯи қавии пешбарандаи ҷомеа ва зодаи масъулияту ҳизби мардумӣ будани ҲХДТ, дар Федератсияи Русия ба фаъолияти озодонаи он иҷозати расмӣ дода шудааст, ки дар таҷрибаи давлатдорӣ ҳолати ягона маҳсуб мешавад. Қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизб дар паҳлӯи Думаи давлатии Федератсияи Русия ҷойгир буда, дар ноҳияҳои гуногуни вилояти Москва 12 филиали он амал мекунад. Фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ ва филиалҳои он ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки мақому нақши қабулгоҳи ҷамъиятии мазкур бо Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баробар мебошад. Он бо Думаи давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, Хадамоти федералии амният, Хадамоти муҳоҷират, мақомоти корҳои дохилӣ, суду прокуратураи ин кишвар ҳамкории густурдаро бо роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар чорабинии тантанавие, ки қабулгоҳи ҷамъиятӣ ба муносибати 28 -солагии Истиқлолияти давлатӣ доир карданист, тибқи нақша сафирони 58 давлат ва 28 нафар депутатҳои Думаи давлатии Федератсияи Русия иштирок мекунанд.

Дар суханронии Саидбек Мирзомудиинов ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм эътибори махсус дода шуд. Зикр гардид, ки айни замон дар Федератсияи Русия 413 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик фаъолият доранд. Шумораи берункардашудагон ва воридшавиашон ба ҳудуди ин давлат муваққатан манъгардида ба 238 ҳазор нафар мерасад. Баъди сафари расмии Пешвои муаззами миллат ба Федератсияи Русия (моҳи апрели соли равон) дар самти татбиқ намудани авфи муҳоҷиратӣ нисбати онҳо корбарӣ идома дорад.

– Ҳамватанони бурунмарзии мо, пеш аз ҳама, муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар бепаноҳу бесоҳиб нестанд, на танҳо давлату Ҳукумат, балки ҲХДТ низ ҳамеша аз паи ҳалли муаммову мушкилоти онҳост. Дар ин радиф Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор консулгариҳо, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, 72 адад диаспора ва марказҳои миллӣ – фарҳангии ҳамватанон дар Федератсияи Русия ба дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ машғуланд.

Бо овардани мисолҳои мушаххас маърӯзачӣ аз хатарҳои экстремизму терроризм ба ҳаёти осоишта ёдовар шуд. Таъкид намуд, ки душманону бадхоҳон ва хоинони давлату миллат ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ба амалҳои ношоям даст зада, хавфу хатар эҷод мекунанд ва яке аз ҳадафҳои асосии нопокашон ба доми фиреб кашидани наврасону ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, волидон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатиро лозим аст, ки ҳамеша бо онҳо дар алоқа бошанд.

Оид ба муҳоҷирати бехатар андешаҳои ҷолиб баён намуда, маърӯзачӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ донистани забони русӣ, таъриху фарҳанги миллати рус, доштани касбу кори муайян, маърифати баланди ҳуқуқӣ ва одобу маданияти баланди муносибату муоширатро ҳатмӣ шуморид. Ҳамзамон таъкид намуд, ки ин қишри ҷомеа бояд зудбовар, ба дурӯғу фиреби миёнаравҳо фирефта нашаванд, дӯстро аз душман фарқ карда тавонанд.

Мақсади асосӣ аз фаъолияти ячейкаи ҲХДТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиалҳои он дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, пеш аз ҳама, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнативу аъзои оилаи онҳо ва дар умум ҳамаи ҳамватанони дар Федератсияи Русия қарордоштаи мо, мусоидат ба ҳалли муаммою мушкилоти зиндагӣ ва фаъолияти онҳо аст.

– Ҳар иқдом ё ташаббуси ватандӯстонае, ки чи дар дохил ва чи берун аз Тоҷикистон рӯи кор меояд, аз сиёсати хирадмандона ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос мегирад. Мо минбаъ низ дар ин самт фаъолиятамонро идома медиҳем, – гуфт дар интиҳои маърӯзаи худ Саидбек Бекович. – Ҳар нафар ҳамватанамон, хоҳ ӯ муқимӣ бошад, хоҳ муҳоҷири меҳнатии мавсимӣ, дар мадди назарамон қарор дорад. Ононро ягон вақт танҳо намегузорем.

Зимни ҷамъбасти мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Амонзода бори дигар ба меҳмонон миннатдорӣ баён намуд ва дар вазъияти тантанавӣ ба Саидбек Мирзомудиинов Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ супорид.

                                                                                                Мардон ҚУРБОНОВ