Мулоқот бо муҳоҷирони дохилию экологӣ

798 просмотров

 

Тибқи фармоиши Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 16.08.2019, №28 «Дар бораи сафари хизматии мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилоят ба шаҳри Исфара» бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ ва иҷрои банди 25–и Низомномаи муҳоҷирати экологӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, таҳти №211 тасдиқ гардидааст, мудири бахши муҳоҷирати дохилию экологӣ Раёсат Ҳусейнҷон Зоидов ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафари корӣ Ҳусейнҷон Зоидов сараввал дар ҳамроҳӣ бо сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Мустақим Ахмедов бо 25 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва экологии солҳои 2018 – 2019 вохӯрд. Мулоқот дар толори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара баргузор гардид. Зимни суҳбат намояндаи Раёсат аз сардорони оилаҳои муҳоҷир даъват ба аамал овард, ки бо истифода аз боду ҳавои муносиб ҳарчи зудтар корҳои сохтмониро дар китъаҳои замини ҷудогардида ба анҷом расонанд.

Инчунин аз сарварони 5 оилаи муҳоҷирони экологӣ оид ба сабабҳои то имрӯз ба корҳои сохтмонӣ оғоз набахшиданашон пурсиш ба амал овард. Ба онҳо барои сар кардани корҳои сохтмонӣ то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ муҳлат муайян карда шуд.

Ҳамзамон фаҳмонида шуд, ки ҳангоми оғоз накардани корҳои сохтмонӣ дар минтақаи бехавф дар қаламрави шаҳри Исфара комиссияи махсус ташкил ва оилаҳои ба сохтмон дастназадаро аз рӯйхати муҳоҷири экологӣ хориҷ намуда заминҳои ҷудогардидаро тибқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати аввала баргардонида мешавад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Ҳусейнҷон Зоидов ба иштирокчиён оид ба имтиёзҳо, тариқи ройгон гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳалигӣ ва кӯчонидани муҳоҷирони дохилию экологӣ ба мавзеи нав, ки қонунгузорӣ муқарар намудааст,  маълумот дод ва ба саволҳояшон посух гуфт.

Ба сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара тавсия дода шуд, ки новобаста ба ворид гардидани маблағи пешбинишуда, то вақти оғоз кардани корҳои сохтмонӣ қарзи имтиёзнок ва кӯмаки яквақтинаи молиявӣ тавассути бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк»  ба муҳоҷирони экологӣ дастрас карда нашавад. Ин тадбир ба хотири пешгирӣ намудани истифодаи ғайримақсадноки маблағи қарзи имтиёзнок ва кӯмакпулии яквақта аз ҷониби онҳо мебошад.

Баъди ҷамъбасти вохӯрӣ якҷоя бо 2 нафар намояндаи муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ намояндаи Раёсат аз заминҳое, ки ба онҳо дар мавзеи Моҳпарии шаҳр ҷудо гардидааст, боздид ба амал овард.

Ҳангоми боздид ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ маълум гардид, ки то имрӯз аз 20 оилаи муҳоҷирони дохилии соли 2018-ум 1 оила сохтмони хонаи истиқоматиро пурра ба итмом расонида, 3 оила девор бардошта, 3 оилаи таҳкурсӣ рехтаанд, 11 оила масолеҳи сохтмонӣ овардаанд. 2 оилаи дигар бо сабаби дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани сарваронашон корҳои сохтмониро оғоз накардаанд.

Аз 5 оилаи муҳоҷирони экологии соли ҷорӣ бошад, 2 оила аз қарзи имтиёзнок ва кӯмаки яквақтаина бархурдор гардида, 4 оила ба мавзеи нави зист масолеҳи сохтмонӣ овардаанд, 1 оилаи боқимонда дар рӯзҳои наздик ба кори сохтмонӣ оғоз менамояд.

– Бартараф намудани камбудиҳои зимни сафари корӣ ошкоршударо бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат зери назорати қатъии худ мегирад, – гуфт мудири бахш Ҳусейнҷон Зоидов.

 

                                                                 Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                     дар вилогяти Суғд