Муаррифии 45 ҷои холи кор ва вазифаи озод

731 просмотров

 

Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ашт ярмаркаи ҷойҳои холии кор гузаронида шуд. Ярмарка дар саҳни бинои шуъбаи маорифи ноҳия, воқеъ дар шаҳраки Шайдон доир гардид ва дар рафти он тавассути радиои маҳаллӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза алайҳи падидаҳои номатлуб ва хатарҳои замони муосир, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳибкории хурд корҳои ташвиқотию тарғиботӣ роҳандозӣ шуд.

Бино ба иттилои мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Нодира Назарова роҳбарон ва нозирони шуъбаи кадрҳои корхонаҳои иштирокчӣ 45 ҷои холии кор ва вазифаҳои озодро ба корҷӯяндагон муаррифӣ карданд.

Аз байни 85 нафар ташрифовардагон ба 25 нафар тавсиянома, ба 7 нафар машварати касбӣ дода шуд. Ҳамчунин 12 нафар шаҳрванди хориҷӣ барои баланд бардоштани малакаи касбиашон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ пешниҳод гардид.

 

                                                                 Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                    дар ноҳияи Ашт