Пешниҳоди ҷои кор ба маорифчиён

749 просмотров

 

Дар ярмаркаи ҷойҳои холии кор, ки дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ,  Раёсати маориф, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара гузарониданд, 540 ҷоийи холии кор дар соҳаи маориф бо музди меҳнати аз 400 то 2040 сомонӣ пешниҳод  гардид. Чорабинии мазкур дар арафаи фарорасии соли хониши нав гузаронида шуда, мақсад аз ташкили он, пеш аз ҳама, ҳалли мушкилоти кадрӣ дар соҳаи ҳаётан муҳими маориф буд. Ин ҷойҳои холии корро сардори Раёсати маорифи шаҳр Н. Қурбонов дар рафти суханрониаш муаррифӣ кард.

Дар умум ба ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод 412 нафар сокинон ташриф оварданд. Тибқи мушоҳидаҳо солҳои охир дар миқёси шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Исфара ҷавонон бештар ба муҳоҷирати меҳнатӣ, тиҷорату соҳибкорӣ ва боғдорию коркарди мева машғул шуда, барои кор дар соҳаи маориф камтар таваҷҷуҳ зоҳир намуда истодаанд.

Дар доираи ярмарка бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳам роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла сардори шуъбаи мазкур М. Ахмедов вобаста ба муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва аҳамияти рушди ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, ба саволҳои пайдошуда посух дод.

 

                                                              Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                  дар шаҳри Исфара