Мулоқот дар шаҳракҳои саноатӣ

22 просмотров

 

Бо фаро расидани моҳи июл дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  роҳандозии чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ аз рўи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли равон,  ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки  Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шўрои уламои дини вилоят таҳия шудааст, оғоз ёфт. Дар радифи дигар шаҳру навоҳӣ бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон низ дар ин самт корҳои муайянро ба роҳ монда истодааст. Аз ҷумла, 27 ва 28 август бо ибтикори бахш дар шаҳракҳои саноатии Консой ва Чоруқдаррон чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ гузаронида шуд. Дар ин самт мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Филиали КВД “Маркази касбомўзии шаҳри Душанбе” ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистонро дастгирӣ карданд.

Баъд аз сухани ифтитоҳии раисони ҷамоатҳои шаҳраки Консой Б. Сайдуллоӣ ва шаҳраки Чоруқдаррон Н. Бердиева дар назди иштирокчиёни мулоқотҳо мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Ф. Ҳодиев, сармутахассиси бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони назди дастгоҳи раиси шаҳр Н. Мирзоев, директори Филиали КВД “Маркази касбомўзии шаҳри Душанбе” М. Рашидова ва мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Б. Ҷўразода суханронӣ карданд.

Дар рафти ҳар ду чорабинӣ асосан мавзўъҳои пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба гурўҳҳои террорристию экстремистӣ, одамрабоӣ ва савдои одамон, истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак, муҳоҷирати бехатар ва танзими меҳнати кормандони ба синни 18 нарасида тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Вобаста ба масоили баррасишуда маърўзачиён ба пурсишҳои иштирокчиён ҷавоб гуфтанд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон ташкил ва гузаронидани ҳамин гуна чорабиниро дар шаҳракҳои Сирдарё, Навгарзан ва Зарнисор низ ба нақша гирифтааст.

 

                                                                                       Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                       дар шаҳри Гулистон