Обуна ба “Шуғл ва муҳоҷират” оғоз ёфт

27 просмотров

 

Бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои Деваштич ва Ашт ба маъракаи обуна ба рўзномаи соҳавии “Шуғл ва муҳоҷират” дар вилояти Суғд оғоз бахшиданд. Дар ин самт ноҳияи Ашт айни замон пешсаф аст ва ба ҳолати 1 августи соли равон ба 7 нусха обунаро таъмин намуд.

Тибқи меъёрбандӣ шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд бояд соли равон ба 700 нусха нашрияи соҳавӣ обуна шаванд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбаранда ин нишондиҳандаро ба 1000 нусха мерасонанд.

Соли дуюм аст, ки дар вилояти Суғд намояндаи рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират” фаъолият мебарад ва фаъолияти сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират ба тавре васеъ дар ин нашрияи соҳавӣ ба таври густурда инъикос мешавад.

                                                                                     Мардон ҚУРБОНОВ