Чорабинии муштарак – самараи ҳамкории босамар

21 просмотров

 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар самти ташкили ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод, кор бо муҳоҷирони меҳнатии бозпасгардонидашуда ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъгардида, бо касбомўзию забономўзӣ фарогирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо ва шаҳрвандони бекор, роҳандозии корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ҳамкории босамарро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллахонаҳо ба роҳ мондааст.Чорабинии муштараки иттилоотӣ – маърифатие, ки дар маҳаллаи «Ваҳдат» доир шуд, самараи неки ҳамин ҳамкорӣ буд. Дар умум дар ин мулоқот 51 нафар намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок доштанд.

Баъди оғози расмии чорабинӣ сараввал мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом Б. Шарифов вобаста ба муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза алайҳи падидаҳои номатлуб ва хатарҳои замони муосир суханронӣ намуда, аз падару модарон ва дигар шахсони наздик даъват ба амал овард, ки нисбати фарзандону пайвандони дар муҳоҷират қарордоштаашон бепарво набошанд ва аз аҳволи онҳо бохабар шудаистанд. Номбурда ҳамзамон ба саволҳои манзургардида посух дод ва ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим кард.

Сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ш. Ортиқов ба аҳли толор оид ба ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод дар ташкилоту муассисаҳои шаҳр, шароити касбомўзию забономўзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳо дар маркази таълими калонсолон, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва курсҳои кўтоҳмуддат, номгўи ихтисосҳо, имтиёзҳо барои шахсони бекор ва мутахассисони ҷавон ва ғайра маълумот дода,  баён дошт, ки шуъба барои дастгирии бекорону корҷўяндагон ва умуман ҳар нафари хоҳишманд дар самти фарогирӣ бо касбузабономўзӣ ва шуғли мавсимию доимӣ, додани қарзи имтиёзнок ҷиҳати ташкили фаъолияти соҳибкории хурд омодааст.

Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр А. Исмонов диққати иштирокчиёнро асосан ба масоили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва вайроншавии оилаҳо, танзими анъана ва ҷашну маросим, таълиму тарбияи фарзанд, рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва ривоҷи бунёдкорию созандагӣ ҷалб намуда, ҳамзамон чорабинии муштаракро ҷамъбаст кард.

 

                                                                                     Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                      дар шаҳри Конибодом