Мулоқоти навбатӣ бо сокинони маҳаллаҳо

25 просмотров

 

Чорабинии иттилоотию маърифатии навбатие, ки шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд доир намуд, 80 нафар сокинони маҳаллаҳои Сари баландӣ, Тиллокон, Темурмалик, Мевағул, Сайҳун ва Сирдарёро сарҷамъ сохт. Дар ташкил ва гузаронидани он шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд бо шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ҳамкорӣ карданд.

Дар назди иштирокчиёни мулоқот раиси кумитаи маҳаллаи Суғдиён Э. Махсумов, намояндаи шуъбаи шаҳрии КДАМ ҶТ лейтенанти калон Ш. Сайфиддинов, намояндаи Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд У. Ҳошимова ва мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират А. Саттор маърӯза намуда, сараввал онҳоро ба муносибати ҷашни дар пешистодаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ватанамон ва ба кор даромадани чархаи дуюми НБО «Роғун» муборакбод гуфтанд.

Таъкид гардид, ки бахши Хадамоти муҳоҷират минбаъд низ дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ бо шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ҳамкории густурдаро ба роҳ мемонад.

                                                                           Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                             дар шаҳри Хуҷанд