Чӣ бояд кард,  то қурбонии фурӯши одамон нагардед?

52 просмотров

 

Ба ҳамин мазмун дар Ҷамоати деҳоти М.Миршакари ноҳияи Роштқалъа аз тарафи кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират семинари  дастурдиҳӣ бо фарогирии доираи васеи  ҷавонон,  муҳоҷирони баргашта,  вурудашон манъшуда ва волидони муҳоҷироне, ки солҳои зиёд ба зодгоҳашон барнагаштаанд, баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин семинар, ба истиқоматкунандагони  Ҷамоат фаҳмонда додани оқибатҳои хариду фурӯши одамон, нишонаҳои аввалини ба терроризмбаранда, қонунгузории Федератсияи Россия  роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар  масъалаҳои  мубрами руз буд.

Дар ин семинар машварат як нафар муҳоҷири муваффақ оид рафтору фаъолияти ҷавононро таҳлил намуда, барои ба мушкилӣ дучор нагардиданашон тавсияи муфид дод. Инчунин бо волидайни муҳоҷироне, ки солҳои зиёд ба ватанашон барнагаштаанд, суҳбати алоҳида доир карда шуд.

Чунин чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар дигар  ҷамоатҳои деҳоти ноҳия  низ баргузор хоҳад шуд.

 

                                                                      С.Юсупов

мутахассиси бахши Хадамоти

                                                                      муҳоҷират дар ноҳияи Роштқалъа