Ҷамбасти фаъолият дар нўҳ моҳа

38 просмотров

7-уми октябр дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси ҷамъбастии Шурои Хадамот оид ба фаъолият дар 9 моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид.

Дар он сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Саидасрор Саидов,  сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарони Муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, Суғд, Хатлон  ва ВМКБ иштирок намуданд.

Сипас дар назди ҳозирин ҳисоботи 9 моҳа аз тарафи муовини якуми Сардор Моёншо Маҳмадбекзода шунида шуд. Аз ҷумла, ў қайд кард, ки яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти Хадамоти муҳоҷират – ин қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ҳолати 20 августи соли 2019  ба дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 41324 нафар шаҳрвандон бо дархост муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 39047 нафар шифоҳӣ, 242 нафар  муроҷиати  хаттӣ ва 2035 нафари онҳо бо  телефони боварӣ.

Ҳангоми санҷиши муроҷиати шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 16672 нафар, ки дар рўйхати манъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд, аз сафари бебарор баргардонида шуданд.

Алҳол, бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани ин категорияи шаҳрвандон аз ҷониби сохторҳои хадамот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳаи  соли ҷорӣ, ба 8281 нафар тавсия ба касбомўзӣ, ба 1578 нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натиҷа 546 нафар дорои касб гардида, 388 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Ҳамзамон ширкатҳое, ки иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ доранд, дар баробари ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватаниро риоя намуда, ба ҳолати имрўза 19147 нафар шаҳрвандон, ки воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ шудааст, дар ин ширкатҳо фаъолият намуда истодаанд. Дар маҷмўъ 19535 нафар бо ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар таъмин карда шуданд, – афзуд ў.

Сипас ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон, роҳбарони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ва     инчунин шуъбаву бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Дар ҷаласа С.Саидов тамоми паҳлуҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ мушкилотҳои дар ин самтҳо мавҷудбударо мушаххас таҳлил ва ҷамъбаст намуд.

Дар хатми ҷаласа ба 6 нафар кормандони Хадамоти муҳоҷират шаҳодатномаи узви ҳизби ҲХДТ супорида шуд.

                                                                                            Анвар Юсупов