Мулоқотҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ

129 просмотров

 

Дар асоси супориши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2019 гурӯҳи корӣ бо сарварии Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ва сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Нурулло Назаров ба сафари хизматӣ баромада, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ва вилояти Хатлон дидан намуданд.

Мақсад аз сафари хизматии гурӯҳи корӣ ҷараёни кӯчонидани муҳоҷирон ва омодагии мақомоти маҳаллиро оид ба қабул, ҷо ба ҷо кунии муҳоҷирон, тақсими замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ, оғози корҳои ободонӣ ва дигар инфрасохтори деҳот дар мавзеъи ҷойгиршавии муҳоҷирон дар шаҳру ноҳияҳо мавриди омӯзиш қарор доданд.

Дар доираи сафари корӣ сараввал бо муовини раиси шаҳри Роғун сарпарасти соҳа Раҳматулло Файзода вохӯрда, оиди масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ, яъне таъмини иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №521 ва аз 26 ноябри соли 2016, №506 суҳбат намуда, вобаста ба ҳалли он чораандешӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ сарпарасти соҳа, қайд карданд, ки масъалаи мазкур зери назорати доимии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун қарор дорад.

Чунин як вохӯрии судманд бо сарпарасти соҳа, муовини аввали раиси ноҳияи Нуробод Далатзода Мирзоумар Кенҷа баргузор гардид.

Дар рафти сафари корӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода аз ноҳияи Рашт дидан карда, бо раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизода вохӯрӣ карданд. Дар суҳбат оиди як масъала марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ сухан рафт.

Сипас гурӯҳи корӣ аз ноҳияҳои Тоҷикободу Лахш боздид карда, бо раисони ноҳияҳои мазкур суҳбатҳо намуданд. Зимни мулоқотҳо оиди ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ ва кӯчонидани муҳоҷирони дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Чиргатол масъалагузорӣ намуданд.

Баъди боздид аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳур Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон раҳсипор шуданд.

Аввалан онҳо аз ноҳияи Хуросон дидан намуда, бо раиси ноҳия Сафарзода Раҳматулло Хайрулло вохӯрда оиди масъалаҳои мубрами рӯз муҳоҷирати меҳнатӣ ва масъалаи ба муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва таъмини муҳоҷирон бо қарори Раиси ноҳия ҳамсуҳбат шуданд.

Чунин як вохӯрӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид, ки Сардори Хадамот бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Саиди Ёқубзод оиди масъалаи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлиғӣ масъалагузорӣ намуданд.

Бояд гуфт, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №506 дар ноҳияи А.Ҷомӣ 11 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ аз мавзеъҳои хавфнок ба мавзеи бехавф кӯчонида шаванд. Мутассифона, то ҳол масъалаи ба тасвиб расонидани қарори раиси ноҳия оиди таъмини муҳоҷирони экологӣ ба қитъаи замин ҳалли худро наёфтааст, ки ин иҷроиши қарори мазкурро ба таъхир андохта истодааст.

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Вахш, гурӯҳи корӣ бо сарпарасти соҳа муовини аввали раиси ноҳия Абдулозода Саидбек вохӯрда оиди масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ҳамсуҳбат шуданд. Мутаасифона айни замон 8 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ аз мавзеъҳои хавфнок ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида нашудаанд.

Чунин вазъияти ҳол ноҳияи Восеъ, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Балҷувону Данғара дида мешавад.

Аз тарафи роҳбари гурӯҳи корӣ Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода бо мақсади пурра ба танзим овардани фаъолият дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар шаҳру ноҳияҳои мазкур пурзур кардани ҳамкориҳои байни мақомоти дахлдори давлатӣ, ҳаллу фасл намудани масъалаҳои ҷойдошта дастур дод.

Дар натиҷаи сафари корӣ 195 оилаи муҳоҷирон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин шуданд, аз ҷумла; 55 оилаи муҳоҷирони дохилӣ (35 оила дар н.Рашт ва 20 оила дар н,Хуросон), 20 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ (5 хоҷагӣ дар н.Рашт, 5 хоҷагӣ дар н.Хуросон ва 10 хоҷагӣ дар н.Балҷувон) ва 120 хоҷагии муҳоҷирони ш.Роғун аз минтақаи зериобмонии НБО “Роғун”.

                                                                            Анвар ЮСУПОВ