Вохўрии судманд дар ташкилоти ибтидоии “”Пуштибони муҳоҷир”

42 просмотров

 

Вохўрии судманде дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо иштироки корманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Давлатхотун Пайшамбиева баргузор гардид.

Яке аз мавзўҳои баррасишаванда, дар ин вохўрӣ таъин намудани Раис ва муовини он дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Пуштибони муҳоҷир” мебошад. Зикр гардид, ки дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бештар ҷавонон кору фаъолият дошта, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар оянда ҷавонони болаёқат бошанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок ва саҳми худро гузоранд ва номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Раёсати Хадамоти шаҳри Душанбе “Пуштибони муҳоҷир”-ро баланд бардоранд.

Дар фарҷоми вохўрӣ сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе С.Файзализода баромад намуда, ба иштирокчиёни ин ҳамоиш изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд карданд, ки чунин вохўриҳо барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо таъсири хубе мерасонад.

 

                                                                 Раёсати Хадамоти муҳоҷират                  

                                                                                  дар шаҳри Душанбе