КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «САҲМИ ДИАСПОРАҲО ВА ҶАМЪИЯТҲОИ ФАРҲАНГӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»

29 просмотров

 

7 ноябри соли 2019 дар асоси розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Вазорати меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад  дар  Тоҷикистон ва ташкилоти  ҷамъиятии  «Марказ  оид ба ҳуқуқи инсон» дар Муассисаи давлатии  «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»  конференсияи  илмӣ-амалӣ  дар  мавзӯи  «Саҳми диаспора ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ  дар  таҳкими  давлатдории  миллии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Мақсади  асосии  конференсия пеш аз ҳама, такмили сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими робита бо диаспораҳо ва  ташкилотҳои ҷамъиятии  тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, муайян намудани самтҳои асосии рушди ҳамкорӣ, таъмини ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар, ҳавасмандгардонии онҳо барои иштирок дар татбиқи барномаҳои иқтисодӣ ва дигар иқдомҳои нек  иборат мебошад.

Дар конференсия масъулини марбутаи  вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, шарикони рушд, намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ иштирок дошта, роҳбарону фаъолони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии минтақавӣ ва марказҳои фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ аз вилоятҳо ва шаҳру минтақаҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон  ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик даъват шудаанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Тагойзода  дар  сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки ҳадафи Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар ҳаллу фасли масъалаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ мондани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва беҳбудии вазъи онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳарчи васеътар бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар дохили кишварамон мебошад.

Тибқи барномаи чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимон ва ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои марбут ба самтҳои стратегии танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби диаспораҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоии давлат, нақши диаспораҳо ҳамчун шарикон дар интегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ ва саҳми  мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мусоидат дар ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ибрози ақида намуданд.

Намояндагони диаспора ва марказҳои фарҳангӣ аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия дар навбати худ дар бораи фаъолият ва  дастовардҳояшон  маърӯзаҳо намуда, оид ба ташаббусҳои минбаъда ҷиҳати муаррифии  Тоҷикистони соҳибистиқлол, нигоҳдории забон ва ҳифзи  фарҳанги  миллии  мардуми тоҷик барои рушди кишвар ибрози ақида  намуданд.

Иштирокчиёни  конференсия  ҳамчунин  дар мавзӯъҳои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ: чолиш ва имкониятҳо, будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, реинтегратсияи иҷтимоию иқтисодии муҳоҷирони ба Ватан баргашта ва таҷрибаи бадастомада дар ин самт  маърӯза  карда, оид ба дурнамои рушд хулосагирӣ намуданд.

Конференсия дар сатҳи баланд баргузор гардида, тавсияҳои дахлдорро қабул намуд, ки сохторҳои соҳавӣ ва ниҳодҳои марбутаи ҷумҳурӣ  метавонанд онҳоро дар фаъолияти илмию амалии худ дар самти рушди ҳамкориҳо бо диаспораҳо ва куллан такмили сиёсати давлатӣ дар самти муҳоҷират  самаранок  истифода баранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ намояндагони диаспораҳо, ҷамъиятҳои тоҷикон ва марказҳои фарҳангӣ бо сипосномаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

                                                   Вазорати меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  

                                                                   аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон