Обуна ба нашрияи соҳавӣ идома дорад

52 просмотров

 

 

Тибқи меъёрбандии муассис – Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон барои обуна ба нашрияи соҳавии «Шуғл ва муҳоҷират» ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он 700 нусха меъёр муқаррар шудааст. Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Раиси вилояти Суғд нашрияи мазкур соли равон ба рӯйхати матбуоти обунаашон ҳатмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ворид гардид ва тибқи қарори Раиси вилоят барои шаҳру ноҳияҳо 1000 нусха меъёр пешбинӣ шудааст.

Маъракаи обунаро имсол бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич оғоз бахшид. Ёдовар мешавем, ки бахши мазкур таҳти сарварии Санавбар Баҳодурова соли гузашта низ дар маъракаи обуна пешсаф буд ва меъёри муқарраргардидаро барзиёд иҷро кард. Дар маъракаи имсолаи обуна сохторҳои зертобеъ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Хуҷанд, Деваштич, Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ пешсафӣ зоҳир намуда истодаанд.

Баъди баррасии масъалаи мазкур дар маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо рӯзҳои охир дар самти обуна ба рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» корбарӣ суръат гирифта истодааст.

Ба ҳолати 4-уми октябр 450 нусха обуна ба ин нашрияи соҳавӣ таъмин гардид. Масъулин тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати таъмини меъёри муқарраргардида аз имкониятҳо босамар истифода мебаранд.

 

                                                                                Мардон ҚУРБОНОВ