Ҷашни Конститутсия дар ноҳияи Варзоб

23 просмотров

 

 

Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ободонӣ, тоза намудани гирду  атрофи  идора иштироки доимӣ дошт, инчунин дар бинои мақомот шиору овезаҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насб  карда шуд.

Ҳамзамон 5 ноябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ҷашни 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат аҳли ҷомеа, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, собиқадорони меҳнат ва шахсони барӯманду рӯзгордидаро раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно намуд.

Дар чорабинии болозикр аз тарафи бахш дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи  Варзоб ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи муштарак гузаронида шуда, ба сокинони ноҳия буклетҳо дар мавзуъҳои «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат», «Танзим-баракати зиндагӣ»,  «Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ», «Пешгирии ВНМО ва нашъамандӣ байни ҷавонон», «Мо зидди савдои инсонем» ба миқдори 900 нусха тақсим гардид.

                                                                     Орифҷон Олимзода

                                                                      мудири бахши Хадамоти

                                                                            муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб