Рафти иҷрои қарорҳо муҳокима шуд

682 просмотров

 

Ноҳияи Айнӣ аз ҷумлаи ноҳияҳои кўҳистони мамлакат буда, дар он ҷо бо таъбири мардум ҳар як ваҷаб замин қадру қимати баланд дорад. Бо зиёд шудани теъдоди аҳолӣ солҳои охир дар баъзе ҷамоатҳои камзамини ноҳия шароити манзилии сокинон вазнин гардид. Бо назардошти ин, тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди омўхтани ҳолати мазкур дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида» барои давраҳои муайян қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ ба тасвиб расида, давра ба давра кўчонидани аҳолии кўҳистон пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №241 аз 03.05.2010 «Дар бораи гирифтан ва додани қитъаҳои замин» дар се марҳила 600 оилаи муҳоҷирони дохилии ноҳияи Айнӣ дар  ноҳияи Зафаробод соҳиби қитъаи замин дар ҳаҷми 0,08 гектар шуданд. Инчунин соли 2010 дар ноҳияи Зафаробод барои 20 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Путхин ва 2 оилаи  деҳаи Зосун ҳамчун муҳоҷири экологӣ аз ҷониби давлат хонаи истиқоматии бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз сохта шуд.

Дар ин радиф тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 677 аз 03.12.2012 ва № 647 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз № 520 аз 26.11.2015 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ» давоми солҳои 2012 – 2015 140 оила, солҳои 2016 – 2018 оила аз ҳисоби сокинони ноҳияи Айнӣ ҳамчун муҳоҷири дохилӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо замини наздиҳавлигӣ ва қарзи имтиёзнок таъмин шудаанд.

Аз ҷумлаи муҳоҷирони дохилӣ ҳам дар ноҳияи Зафаробод ва ҳам дар ноҳияи Хуросон ва ҳам дар ноҳияи Зафаробод як қисми муайянашон кайҳо манзили истиқоматӣ бунёд карда, дар онҳо зиндагӣ карда истодаанд. Ҳамчунин оилаҳои айни замон бунёди манзилашон дар арафаи анҷомёбӣ қарордошта, таҳкурсирехтаву деворбардошта ва масолеҳи сохтмонӣ захиракарда  кам нестанд. Мутаассифона дар байни онҳо оилаҳои нисбати ин масъала саҳлангору бепарво низ ҳастанд. Падидаи манфӣ хонаҳои тайёру замонавии хуштарҳ ва муҷаҳҳазро дар ноҳияи Зафаробод партофта, ба манзилҳои аз офати табиӣ харогардидаашон баргаштани баъзе оилаҳои муҳоҷирони экологист. Тибқи таҳлилҳои гузаронида дар самти ба вуҷуд овардани инфрасохтор, баргардонидани қарзҳои имтиёзноки муҳлаташон баохиррасида ва истифодаи мақсадноки қарзи имтиёзноку кўмакпулиҳои гирифташуда ҳам камбудиҳо ҷой доранд.

Бо мақсади баррасии рафти татбиқи қарорҳои амалкунандаи дахлдор вобаста ба муҳоҷирати дохилию экологӣ, ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва кўчонидани аҳолӣ ба мавзеъҳои пешбинишуда дар муҳлати муайяншуда дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷаласаи васеи фаъолон доир гардид, ки дар он ба ҳайси намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сардори Сарраёсатии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Шермуҳаммад Нодирӣ ва мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳусейнҷон Зоҳидов иштирок намуданд.

Баъд аз суханронии раиси ноҳия, дигар маърўзачиён ва музокирачиён мубодилаи афкор ва саволу ҷавобу суҳбати озод доир гардид ва ба масъулин, муҳоҷирони дохилию экологӣ ҷиҳати ислоҳ намудани вазъият, таъмини саривақтии иҷрои қарорҳои дахлдор ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби раиси ноҳия супоришҳои мушаххас дода шуд. Айни замон бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ бо сарварии Баҳрулло Ғайбуллоев рафти иҷрои онҳоро таҳти назорат қарор дода, дар самти тезонидани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби муҳоҷирони экологӣ ва баргардонидани қарзҳои имтиёзноки муҳлаташон баохиррасида ҳам корбарӣ карда истодааст.

 

                                                                  Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                           дар ноҳияи Айнӣ