Силсила мулоқотҳо оид ба мавзўи ягона

710 просмотров

 

Оғоз аз даҳаи сеюми моҳи октябр шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ваоилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки маърифатию иттилоотиро ба роҳ монда истодааст. Дар рафти онҳо асосан масъалаҳои марбут ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили экстремизму терроризм, бемориҳои сироятӣ, аз ҳам пош хўрдани хонаводаҳо ва дигар падидаҳои номатлуб, таҳкими оилаву оиладорӣ, муҳоҷирати бехатар, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ривоҷи бунёдкорию созандагӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 рўзи ободонию бунёдкорӣ мавриди баррасӣқарор гирифт.

Аз ҷумлаи чорабиниҳои муштараки нақшавӣ се адади охиринашон дар толори маҷлисҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 52 (сарвари муассиса Гавҳар Ҳамроева), №57 (сарвари муассиса Гулрухсор Мадаминова) бо фарогирии сокинони маркази шаҳр ва маҳаллаҳои Носирободу Лутфӣ Саид ва Ҷамоати деҳоти Навгилем (раиси ҷамоат А. Болтаев) бо ҷалби сокинони деҳоти тобеи ҷамоати мазкур гузаштанд.

Бино ба иттилои сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Мустақим Ахмедов дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳоҷирати бехатар навгониҳои қонунгузории Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират, ки аз 1-уми ноябр мавриди амал қарор гирифтанд, шарҳу эзоҳ дода шуд. Ҳамзамон сардори шуъба андешаҳои худро оид бапешгириишомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баён кард.

 

                                                                 Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                   дар шаҳри Исфара