Бо ибтикори Раёсат

809 просмотров

 

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи вазифагузориҳои роҳбарияти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Сумангул Тағойзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати вазорати мазкур Тоҳир Каримзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва қарори ҷаласаи васеи Шўрои ҳамоҳангсозии вилояти Суғд оид ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм 14-уми ноябри соли равон бо ташаббуси Раёсати Хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд мулоқот  доир гардид, ки дар он ба ғайр аз кормандон ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ин ноҳия ҳамзамон раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, шўроҳои занону духтарон, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими маърака ва ҷашну маросимҳо, фаъолони ҷомеа ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар умум ин чорабинӣ бо иштироки зиёда аз сад нафар иштирокчӣ доир шуд.

Қабл аз оғози чорабинӣ сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ бо раиси ноҳия Зариф Нозирӣ мулоқот анҷом дода, дар рафти он самтҳои минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро муҳокима ва баррасӣ карданд.

Мулоқотро муовини раиси ноҳия Комилӣ Мастура Мухторзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, баён дошт,ки чорабинии имрўза ҳамагӣ баъди як рўзи баргузории ҷаласаи васеи Шўрои ҳамоҳангсозии вилояти Суғд оид ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм баргузор мегардад. Ҳамзамон ба сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнура Шарифӣ миннатдорӣ баён намуд, ки, бо назардошти калонтарин ноҳияи вилояти Суғд будани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба роҳ мондани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатии ғайринақшавии муштаракро маҳз аз ҳамин ноҳия сар карданд. Дар идомаи суханронии худ муовини раиси ноҳия аз авҷ гирифтани хатарҳои падидаҳои номатлуб, азҷумла терроризму экстремизм ва бемориҳои сироятӣ амсоли Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/СПИД) ёдовар шуда, қайд кард, ки пешгирӣ ва мубориза ба муқобили онҳо кўшишу ғайрати дастҷамъонаи тамоми аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Зимни суханронии сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Умед Азизӣ иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати имрўза аз ҳисоби сокинони ин ноҳия 11 ҳазору 457 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки аз онҳо 9 ҳазору 764 нафарашон мард ва  1 ҳазору 693 нафарашон зан мебошанд. Вале дар ноҳия барои коҳиш додани ин шумора имкониятҳо бисёранд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ огоҳӣ надоранд ё онҳо нодида мегиранд. Дар идомаи суханрониаш номбурда оид ба корҳои фаҳмондадиҳии анҷомдодашуда дар самти баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ ибрози назар намуда, диққати раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳалларо ба масъалаи гузаронидани пурсиши сартосарӣ ва таҳияи рўйхати ном ба ном ва ҳавлӣ ба ҳавлии муҳоҷирони меҳнатӣ ҷалб ва онҳоро ба ҳамкории босамар дар ин самт ҷалб кард.

Муовини раиси ноҳия дар навбати худ қайд намуд, ки бо вуҷуди хеле беҳтар шудани сифати кор, дар ин самт ҳанўз камбудиҳо ҷой доранд ва бояд дар марҳилаи нави пурсиш, ки ҳамагӣ баъди чанд рўзи башумор оғоз меёбад, онҳо пурра ислоҳи худро ёбанд.

Бино ба иттилои мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия айни замон дар ҳудуди Бобоҷон Ғафуров 17 масҷиди ҷомеъ, 98 масҷиди панҷвақта ва 1 ибодатгоҳи насрониён дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаъолият намуда, ҳамаи онҳо ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Ходимони дин зимни мавъизаю мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа онҳоро ба бунёдкорию созандагӣ, масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, таҳкими оилаву оиладорӣ ва пешгириву мубориза ба муқобили хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм ҷалб намуда, ҳамзамон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманд ва қишрҳои осебпазир корҳои муайянро ба иҷро расонида истодаанд. Дар бастагӣ ба ин масъала муовини раиси ноҳия дастур дод, ки аз минбари масҷиду ибодатхонаҳо боз ҳам босамартар истифода баранд ва корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар байни аҳли ҷомеа густариш диҳанд.

Дар рафти суханронии мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Озода Ҳоҷибоева иттилоъ дода шуд, ки бахши мазкур низ дар самти баланд бардоштани донишғу маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ҳамзамон паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби бонувон корҳои муайянро ба иҷро мерасонад. Аз ҷумла, ба ҳолати моҳи ноябри соли равон дар миқёси ноҳия 17 маркази омўзиши атласу адрасбофӣ ташкил гардида, дар онҳо 128 дастгоҳ насб ва 185 нафар ба ҳунаромўзӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳунармандони мардумӣ ба таври дастӣ дар ин давра 44 ҳазору 26 метр адрас ва 6 ҳазору 6 метр дигар намуд матоъ бофтаанд, ки аз он 44 ҳазору 26 метр адрас ва 5 ҳазору 877 метр дигар намуд матоъҳо ба фурўш рафтаанд.

Падидаи ҷолиб тибқи қарори раиси ноҳия №274, аз 16.05.2019 таъсис додани грантҳои раиси ноҳия барои дастгирии соҳибкорон ва фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Падидаи ҷолиби дигар соли равон бо шуғли доимӣ таъмин шудани 1 ҳазору 46 нафар бонувон мебошад. Дар ин радиф дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» 1 ҳазору 33 нафар занону духтарон ба омўзишу касбу ҳунар фаро гирифта шуда, дар баробари чорабиниҳои маҳаллӣ бонувони ҳунарманди ноҳия бо маҳсули дастии худ дар ярмаркаи вилоятии намоиш ва савдои «Суғд – 2019» ва озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин маҳсулот ва хизматрасонӣ – 2019» фаъолона ширкат варзиданд.

Зимни саволу ҷавоб бо Озода Ҳоҷибоева сардори Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳо дар самти ташвиқоту тарғибот, ҷалби ҳарчи бештари бонувон ба касбу ҳунаромўзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумиву ривоҷи корҳои хонагӣ ва паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби духтарону занон маслиҳатҳои судманд дод.

Иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд Умеда Ҳошимова ба аҳли толор оид ба фаъолияти наздик ба сесолаи муассиса, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, навгониҳо дар қонунгузории федералии Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ,  усули пур намудани корти муҳоҷиратӣ, мондан ба қайди муваққатӣ, гирифтани сертификат оид ба донистани забон, таъриху фарҳанг ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвари қабулкунанда, полиси суғуртавию патент ва дигар расмиёти ҳуҷҷатӣ маълумоти муфассал дода, баён дошт, ки дари марказ ҳамеша ба рўи шаҳрвандон боз аст. Дар муассиса ба миқдори зиёд маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ барои тақсим кардан ба шаҳрвандон мавҷуд аст ва кормандони муассиса мунтазам ба шаҳру ноҳияҳо бо мақсади ташкили чорабиниҳои маърифатӣ – иттилоотӣ ва баланд бардоштани маърифату ҳамаҷониба омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ сафарҳои хизматӣ анҷом медиҳанд.

Духтури Муассисаи давлатии Маркази ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза ба  муқобили бемории ВНМО (СПИД) Азимҷон Нўъмонов дар рафти маърўзааш аз он изҳори нигаронӣ кард, ки айни замон шумораи мубталоёни ин вабои аср дар миқёси ҷаҳон бо 80 миллион, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 14 ҳазор ва дар вилояти Суғд ба қариб 2,5 ҳазор нафар мерасад. Ин рақамҳо танҳо рақамҳои расмӣ мебошанд ва касе намедонад, ки ҳоло дар диёри мо боз чӣ қадар гирифторони ба қайд гирифтанашудаи ВНМО умр ба сар мебаранд. Дар гирифтор шудани шаҳрвандон ба ин бемории марговар танҳо муҳоҷирати меҳнатиро сабабгор донистан комилан нодуруст аст. Бинобар пеш гирифтани тарзи ҳаёти носолим бисёр нафарон дар дохили ҷумҳурӣ, бе таъсири омилҳои берунӣ, ба касалии мазкур мубтало шуда истодаанд, зеро дар қиёс бо чанд сол пеш айни замон 75 – 80 фоизи шаҳрвандон маҳз бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба ин бало гирифтор мешаванд. Бо назардошти ин,  Азимҷон Нўъмонов дар симои аҳли толор аҳли ҷомеаро ба муборизаи дастҳҷамъона ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим даъват кард.

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ дор робита ба ҳамин мавзўъ аз ҳамкории босамарашон дар самти пешгирию мубориза ба муқобили ВНМО, паҳн намудани маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва ба таври ройгон гузаронидани шаҳрвандон аз муоинаи тиббии ройгон ёдовар шуд ва баён дошт, ки ҳамеша омодаву ҷонибдори ҳамкорӣ бо муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳастанд.

Суханронии сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд фарогири тамоми масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ буд. Номбурда дар баробари маълумоти муфассал додан оид ба фаъолияти Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷаласаи васеи фаъолони вилоят бо иштироки сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси Шўрои ҳамоҳангсозии вилоятӣ вобаста ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб ва хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҳамзамон нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷират, Раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣдар вилояти Суғд ва Шўрои уламои дини вилоят дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ёдовар шуда, иттилоъ дод, ки аз оғози сол то имрўз дар қаламрави вилоят бо фарогирии 33 ҳазор нафар шаҳрвандон наздик ба 400 адад чунин чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Мавсуф ҳамчунин оид ба вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Сафоратхонаи давлатии кишвар, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, консулгариҳо, диаспора ва ташкилотҳои ҷамъиятии миллӣ – фарҳангии тоҷикон дар Федератсияи Русия, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд, филиали Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», субъектҳои хоҷагидор ва ташкилоту муассисаҳои ҳамкор иттилои мухтасар дода, таъкид дошт, ки фаъолияти ҳамаи онҳо дар маҷмўъ ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ нигаронида шудааст.

-Ҳамаи ин дастгирию ғамхориҳо аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, – гуфт дар идомаи суханрониаш Зайнура Шарифӣ. – Зимни чанд сафари кории худ ба Федератсияи Русия мо бо чашми худ дидем, ки муҳоҷирони тоҷик дар муқоиса бо 10 – 15 сол пештар имрўз дар ҷомеаи ин кишвар мавқеъ ва мақоми шоистатар пайдо кардаанд. Вале, новобаста ба ин, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳатҳои мусбату манфии худро дорад. Бинобар ин, волидон, аъзои оила, пайвандону наздикони муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки ҳамеша бо онҳо дар тамос бошанд, алоқаро канда накунанд ва садди роҳи шомилшавиашон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шаванд. Дар ин радиф ба хурду калони ҷомеаи Ватанамон аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ зарур аст.

Бо истифода аз фурсати мусоид, сардори Раёсат оид ба мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкил ва гузаронидани пурсиши сартосарӣ, таҳияи рўйхати ном ба номи муҳоҷирони меҳнатӣ, истифодабарӣ аз хизматрасониҳо ва имкониятҳои мавҷуда, таъсис додани ҷойҳои нави кор, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии диёр, ривоҷи бунёдкорию созандагӣ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашнҳои миллии дарпешистода андешаҳои ҷолиб баён намуда, дар симои аҳли толор Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Парчами давлатии Ватанамонро ба кулли ҳамватанон табрик гуфт ва барояшон сарбаландию хонаободӣ таманно намуд.

Зимни саволу ҷавоб ва суҳбати озод як қатор таклифу пешниҳодҳои ҷолиб манзур гардид. Аз ҷумла, аз номи раисони кумитаи маҳаллаҳо таъкид шуд, ки раванди муҳоҷиратҳи меҳнатӣ аз ҷониби онҳо бо душворӣ назорат бурда мешавад. Масалан, шаҳрванде, ки ҳамин рўз дар манзилаш қарор дорад, бегоҳ ба тайёра мешинаду ба муҳоҷират меравад ва дар ин хусус на кумитаи маҳалларо бохабар месозаду на ҷамоати деҳот ё шаҳракро, зеро тибқи муқаррароти қонунҳои амалкунанда ба иҷрои ин амал вазифадор нест. Бинобар ин,бояд роҳи қонунии ҳалли ин масъала пайдо карда шавад.

Мулоқотро муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мастура Комилӣ ҷамъбаст карда, ба унвони Раёсати Хадамти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва ҳамаи иштирокчиён миннатдорӣ баён намуд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиёни мулоот аз ҷониби ташкилкунандагон маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим гардид.

 

Мардон ҚУРБОНОВ