Дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оила

807 просмотров

 

Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, айни замон бо мақсади иҷрои банди 2-и нақшаи кори дохили идоравии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара силсилаи чорабиниҳои муштараки иттилоотӣ – маърифатиро роҳандозӣ намуда истодааст.

Аз ҷумла, рўзи 11-уми ноябро ҳамингуна мулоқот бо сокинони маҳаллаи Бинокори шаҳр дар ҳамкории шуъбаи мазкур бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир гардид. Он дар толори барҳавои МТМУ №69, дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷараён гирифт.

Мавзўи асосии чорабинии доиргардида муҳоҷирати бехатар, таҳкими оилаю оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҳамзамон пешгирии бемории ВНМО ва дигар касалиҳои сироятӣ, шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро буд.

Дар радифи сарвари муассисаи таълимии №69 ва сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара низ суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух гуфт.

 

                                                                    Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                  дар шаҳри Исфара