Баррасии масъалаи муҳоҷирати дохилӣ дар ноҳияи Деваштич

761 просмотров

 

Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо рафти омодагӣ барои кўчонидан ва сафарбарнамоии муҳоҷирони дохилӣ ба минтақаи дар ноҳияи Зафаробод ҷудогардида, огоҳ шудан аз мушкилоту муаммоҳои ҷойдошта ва мусоидат ба ҳалли онҳо, бурдани корҳои фаҳмондадеҳӣ ва дар умум баррасии масоили вобаста ба муҳоҷирати дохилии сокинони ноҳия рўзи 14-уми ноябри соли равон сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ва мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии Раёсати мазкур Ҳусейнҷон Зоидов ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2015, №647 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ барои солҳои 2016 -2018» дар се марҳила аз ноҳияи Деваштич, Ҷамоати деҳоти Ростровут, деҳаи Даҳкат ба ноҳияи Зафаробод кўчонидани 100 оила ҳамчун муҳоҷири дохилӣ кўчонида шаванд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори мазкур 29 июли соли равон таҳти №671 оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ қарори раиси ноҳияи Зафаробод ба тасвиб расид. Дар асоси ин қарор мувофиқи нақшаи соли 2016-ум барои 30 оилаи муҳоҷирони дохилии ноҳияи Деваштич дар ноҳияи Зафаробод дар ҳаҷми 0,06 гектарӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст.

Сардори Раёсат нахуст бо раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода суҳбат ороста, оид ба тезонидани сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ ба минтақаи нав, омодагӣ ва оғоз намудани онҳо ба корҳои сохтмонӣ, дастрас кардани қарзҳои имтиёзнок, ба вуҷуд овардани инфрасохтор ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки Раёсат ва сохтори зертобеи он дар ноҳияи Деваштич дар доираи вазифаю ваколатҳои худ корҳои муайянро ба иҷро расониданд.

Барои пурра татбиқ гардидани қарори болозикри Ҳукумати кишвар мусоидат ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ногузир мебошад.

Раиси ноҳия уҳдадор шуд, ки рўзҳои наздик бо ҳамаи 30 хонаводаи муҳоҷирони дохилӣ аз деҳаи Даҳкат вохўрӣ доир намуда, дар байнашон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд ва барои гирифтани қитъаи замин сафари онҳоро ба ноҳияи Зафаробод таъмин менамоянд.

Сардори Раёсат ва мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) баъдан бо заминсози Ҷамоати деҳоти Ростровут ва чанд нафар муҳоҷирони дохилӣ, ки хонаводаҳои кўчонидашавандаро намояндагӣ мекарданд, ҳамсуҳбат шуданд. Ба онҳо ёдрас намуданд, ки ҳаррўзи офтобии фасли тирамоҳ ғанимат аст, ки бояд босамар истифода баранд.         Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои кўмак расонӣ омода мебошад ва муҳоҷирони дохилӣ метавонанд бо масъалаҳои худ ҳамарўза муроҷиат намоянд.

Ба саволҳои онҳо вобаста ба ҳаҷми қитъаи замини ҷудогардида, расмикунонии ҳуҷҷатҳои дахлдор, дастрас намудани лоиҳаи иморат ва гирифтани замин барои ташкили хоҷагии кишоварзӣ, имтиёзҳои барои муҳоҷирони дохилӣ муқарраргардида Ҳусейнҷон Зоидов посух гуфт. Пас аз саволу ҷавоб ва суҳбати озод муҳоҷирони дохилии ҳузурдошта ба Зайнура Шарифӣ ваъда доданд, ки дар байни ҳамдеҳагони дар рўйхатбудаашон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд ва барои кўчидан ба ноҳияи Зафаробод дастҷамъона кўшиш менамоянд.

Дар идомаи сафари хизматӣ сардори Раёсат бо фаъолияти бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич шиносшуда, оид ба боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла самти танзими муҳоҷирати дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

                                                                                    Мардон ҚУРБОНОВ