Вохурии Тоҳир Каримзода бо намояндагони давлати Шоҳигарии Нидерландия

838 просмотров

15 ноябри соли равон дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Тоҳир Каримзода бо намояндагони дафтари созмони байналмилалии муҳоҷират (МОМ) дар давлати Шоҳигарии Нидерландия таҳти раҳбарии Оливер Сприи баргузор гардид.

Дар ибтидо Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода  ташрифи меҳмонон ба Хадамоти муҳоҷиратро хайрамақдам гуфта, дар бораи самтҳои асосии фаъолияти имрўзаи Хадамот ба таври муфассал маълумот дод.

Аз тарафи худ Оливер Сприи барои  пазироии самимӣ арзи сипос намуда, иброз намуд, ки мақсади онҳо иҷрои барномаи ба ватан баргардонидани муҳоҷирон шаҳрвандони хориҷие, ки дар давлати Шоҳигарии Нидерландия қарор доранд, мебошад.

Ў қайд намуд, ки роҷеъ ба ин доир намудани вохўриҳо бо намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ, роҳбарияти мақомоти сарҳадӣ, муҳоҷират барои шиноскунии барнома, муайянсозии мушкилотҳои эҳтимолӣ ва эҳтиёҷот, пешбинӣ шудааст.

Барнома бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва аз ҷониби давлати Шоҳигарии Нидерландия амалӣ карда мешавад.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро баҳри тақвияти ҳамкориҳо ва амалигардонии ин барнома баён доштанд.

Мулоқот дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Анвар ЮСУПОВ