Таҷлили Рўзи Президент дар Хадамоти муҳоҷират

730 просмотров

 

 

15 ноябр дар маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират бахшида ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ҳамоиши ботантана баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳи дар назди ҳозирин сардори Хадамот Тоҳир Каримзода баромад намуда, қайд намуданд, ки Президенти кишвари мо кафили ҳифзи якпорчагии кишвар, нигоҳ доштани фарҳангу суннати миллат, сулҳу оромӣ, ташкили кору зиндагии шоиста барои шаҳрвандон ва ҳифзи марзу буми мамлакат аст.

Нақши Президенти мо дар сарнавишти имрӯз ва фардои миллати тоҷик басо муассир аст ва ҳамаи онҳое, ки пешрафту тараққиёти онро мехоҳанд, аз Сарвари давлати худ пуштибонӣ хоҳанд кард.

Гиромӣ доштани Рӯзи Президент бори дигар назар андохтан ба таърихи гузаштаи худ, таҳлили амиқу беғаразонаи ҳодисаву воқеаҳое, ки аз сари мо гузаштанд ва муҳимтар аз ҳама, ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҳаводиси талх дар ҷомеаи тоҷикон мебошад. Насли имрўз ва фардо бояд донад, ки ин фазои ором бо чӣ заҳмату ҷонбозиҳо ба даст оварда шуд.

«Рўзи Президент заминаи пешрафти истиқлолияти сиёсӣ буда, барои дарку эҳсоси ҳуввияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ мусоидат менамояд. Аз ин рў ҳар як соҳибватан бояд аз Пешвои миллат ифтихор дошта, парчамбардори Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад», -гуфт Т. Каримзода.

Сипас як зумра кормандони Хадамоти муҳоҷират, аз ҷумла шоир, ёвари Сардор Элмурод Турсунов дар васфи Президенти кишвар суханронӣ намуда аз эҷодиёташ чанд шеър қироат намуд. Инчунин кормандони ҷавони Хадамот Нурулло Ғафуриён, Зуҳро Акрамова, Фируза Маҳмадуллозода ва Малоҳат Сафарзода низ баромад карда, фикру андешаҳои хешро дар васфи Президент баён намуданд.

Анвар ЮСУПОВ