Мизи мудаввар дар Истаравшан

55 просмотров

 

Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо ташкилоти байналмилалии Барномаи ICAP-и  Донишгоҳи Колумбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаҳвахонаи «Муродӣ»-и шаҳри Истаравшан мизи мудаввар дар мавзӯи «Муҳоҷират ва сирояти Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)» бо иштироки директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Парвина  Мухторова, директори Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО Фирӯз Комилов, ҳамоҳангсози миллии Барномаи ICAP-и Донишгоҳи Колумбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмумин Холов, директори Маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО Машхудҷон Бобоев, кормандони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, занон ва оила ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, ҷавонон ва варзиш, фаъолон, намояндагони ҷамоатҳои деҳоту кумитаи маҳаллаҳо ва васоити ахбори омма мизи мудаввар доир гардид.

Муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, онҳоро ба аҳли толор муаррифӣ намуд. Иброз дошт, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО ва ҳарчи зудтар ба ташхису табобат ҷалб намудани шахсони ба ин беморӣ гирифторшуда ҳадафи асосии Барномаи ICAP-и Донишгоҳи Колумбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Пас аз сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳр маърӯзаи директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Парвина Мухторова шунида шуд. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад. Сол то сол маблағгузории соҳаи тандурустӣ зиёд гардида, дар деҳаҳои дурдастарин бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо бунёд ва таҷҳизотҳои муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ вориди муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар шуда истодаанд.

Пӯшида нест, ки барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва дарёфти ризқу рӯзии хонавода ҳамасола қисме аз шаҳрвандони мамлакат дар хориҷи кишвар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият мекунанд ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи маълумотнокии онҳо оид ба пешгирӣ, ташхису табобати бемориҳои гузаранда на он қадар баланд аст. Мақсад аз ташкили мизи мудаввари имрӯза дар якҷоягӣ дарёфт намудани роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии муҳоҷирон ва ҳалли мушкилоту муаммои ҷойдошта аст.

Ҳоло бо дастгирии Барномаи ICAP-и Донишгоҳи Колумбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқдоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, Маркази ҷумҳуривии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази мубориза бар зидди ВНМО мониторҳои калон дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбеву Хуҷанд шабонарӯзӣ оид ба пешгирии ВНМО ва дигар бемориҳои гузаранда видеоролик пахш карда истодаанд. Инчунин бо дастгирии ҳамин ташкилот варақаҳо бо маълумот оид ба ВНМО дар кисачаи пушти курсии ҳавопаймоҳо дӯхта шудааст. Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим маводҳои иттилоотӣ таҳия намуда, дар маҳаллаҳо, муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ тақсим кард. Мақсад аз роҳандозии амали мазкур он аст, ки шаҳрвандон оид ба роҳҳо ва сабабҳои сироятёбӣ,  усулҳои пешгириву ҳимоят аз онҳо, ҳангоми ошкор шудани беморӣ ба куҷо  муроҷиат намудан ва саривақт бо ташхису табобат фаро гирифтани худ маълумоти зарурӣ пайдо намоянд.  Зикр гардид, ки танҳо бо корбарии як – ду муассиса пеши роҳи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО-ро гирифтан душвор аст. Бинобар ин лозим аст, ки корҳои иттилоотию фаҳмондидиҳӣ дар маҳалҳо тақвият дода, аҳли ҷомеа дастҷамъона кўшиш ба харҷ диҳанд.

Дар идомаи чорабинӣ директори Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО Фирӯз Комилов доир ба рафти татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020» ва ҳадафу вазифаҳои он гузориш дод.

Ҳамоҳангсози миллии Барномаи ICAP-и Донишгоҳи Колумбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саидмумин Холов баён дошт, ки дар доираи амали лоиҳа дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан, дохили ҳавопаймою монитори автобусҳои мусофиркашон низ видеороликҳо вобаста ба пешгирӣ ва гирифтор нашудан ба ин беморӣ  гузошта шудаанд. Айни ҳол дар шаҳри Истаравшан тавассути тестҳои аз ҷониби Барнома харидоришуда шаҳрвандон аз ташхиси ройгони тиббӣ гузаронида, кормандони муассисаҳои аввалияи тиббӣ дар машғулиятҳои махсус омӯзонида мешаванд.

Оид ба вазъи эпидемиологии сироятёбӣ ба ВНМО дар шаҳр  директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО Машҳуд Бобоев тариқи намоиш – слайд маърӯза кард.

Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират Фирдавс Ҳакимов вобаста ба мавзӯи баррасишаванда ва муҳоҷирати бехатар фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуда, қайд кард, ки бахши Хадамоти муҳоҷират ба ҳайси яке аз субъектҳои пешгирикунанда ва муборизабаранда бо ВНМО  дар якҷоягӣ бо марказҳои пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО ва ташаккули тарзи ҳаёти солим бо ҷалби намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар маҳалҳо вохӯриву мулоқот мегузаронад ва ба онҳо маводҳои иттилоотӣ тақсим менамояд.

Рӯзноманигор Сайфулло Махкамов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и шаҳр Парвиз Почокалонов ва сармутахассиси шуъбаи мазкур Ғайратулло Неъматов ҳам доир ба мавзӯи мизи мудаввар фикру мулоҳизаҳои хешро низ иброз намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода низ дар симои аҳли толор аҳли ҷомеаро ба муборизаи  дастҷамъона даъват кард.

Мизи мудаввар дар умум беш аз 70 нафарро ба ҳам овард.

 

                                                                       Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                дар шаҳри Истаравшан