Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳри Рязан

30 просмотров

Ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 ноябри соли 2019 бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятӣ минтақавии вилояти Рязан “Сомони” Рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар вилояти Рязан баргузор карда шуд.

Бо мақсади муаррифии фарҳангу таърих ва анъанаҳои миллии миллати кӯҳанбунёди тоҷик дар толори Кохи фарҳангию фароғатии “Октябр” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла намунаҳои сару либос, ороишоту ашёи хонаи наварӯсон, асбобҳои рӯзгор ва анвои шириниву таомҳои миллӣ ороста шуда буд. Меҳмонон ва сокинони шаҳри Рязан, на танҳо бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ошноӣ пайдо карданд, балки ҳар як нафар имкон дошт бо истифода аз меҳмоннавозии халқӣ тоҷик аз оши палави омодакардаи ташкилкунандагони чорабинӣ тановул кунанд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ намояндагони Сафорати ҶТ, Хадамоти консулӣ, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират, Маъмурияти шаҳр ва вилояти Рязан, думаи вилоятӣ, префекти ноҳияи Октябрскии шаҳри Рязан, роҳбари руҳониёни православиеи вилоят, роҳбарияти диаспораҳои кореягиҳо, узбекҳо, тоторҳо, арманиҳо, яҳудиён, туркманҳо иштирок ва бо суханҳои табрикӣ баромад намуданд.

Дар рафти баромади худ корманди Намояндагӣ сипосномаи Роҳбари Намояндагӣ ба унвони раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Сомонӣ” Шамсиев Ҳасан Досиевичро қироат намуд, ки дар он саҳми ташкилот ва талошҳои шахсии роҳбари он ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни халқияту миллатҳои муқими вилояти Рязан назаррас арзёбӣ гардид.

Зимни баромади хеш раиси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикони вилояти Рязан “ Сомони” Ҳасан Шамсиев ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба Сафорат ва Намояндагӣ ҷиҳати дастгирии ҳамватанон ва ба маъмурияти вилояту шаҳри Рязан барои фароҳам намудани шароити баргузории чунин чорабинӣ изҳори сипос кард.

Сипас ба самъи иштирокдорони сершумори чорабинии идона филми мустанад оид ба сарватҳои табиӣ, дастоварду имконоти сайёҳии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Ҳамчунин аз ҷониби гуруҳи ҳаваскорон барномаи ҷолиби адабӣ-маърифатӣ иборат аз рақсҳои ҷаззоб, шеъру сурудҳои миллӣ, порчаҳо аз ҷашни арӯсӣ ва гӯштини тоҷикӣ намоиш дода шуд.

Барномаи адабӣ аз ҷониби меҳмонон бо завқу кафкӯбиҳои бардавом истиқбол карда шуд.

Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин филми бадеии “Қисмати шоир”-и истеҳсоли киностудияи “Тоҷикфилм”, ки бозгӯи ҳаёт ва фаъолияти шоир ва мутафаккири тоҷик Абуабдуллои Рӯдакӣ мебошад, намоиш дода шуд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва таҳкими дӯстию рафоқат миёни халқияту миллатҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.

 

                    Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

                                                                          ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират