Агар хомўш биншинем, гуноҳ аст…

880 просмотров

 

Рўзи муҳоҷир, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳамасола 18-уми декабр қайд мегардад, ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таърихи тўлонӣ надорад. Соли 1990 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи байналхалқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро қабул кард ва 4-уми декабри соли 2000 дар асоси резолютсияи 55/93 18-уми декабрро Рўзи байналмилалии муҳоҷир эълон намуд.

Санаи 8-уми январи соли 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин Конвенсия аъзо гардид ва он соли 2003 ҳукми қонунӣ пайдо кард.

Мақсади асосии Конвенсия ноил шудан ба ҳалли мушкилот ва дар сатҳи лозима ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо буда, масъалаи мазкур ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Рўзи байналмилалии муҳоҷир соли равон дар арафаи пешниҳод гардидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон таҷлил мешавад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо соли равон ҳам бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир чорабиниҳои муштараки маърифатӣ – фарҳангиро ба нақша гирифта, роҳандозӣ намуда истодаанд.

Аз ҷумла, 17-уми декабр бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 бо ҷалби омўзгорону хонандагони синфҳои болоӣ, падару модарони онҳо, сокинону фаъолони маҳаллаи Тиллокон ва намояндагони васоити ахбори омма чунин чорабинӣ доир кард. Ба ҳайси намояндаи расмӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Манзурат Саторова, муовини сардори шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Замир Амонзода, директори Филиали Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа Зўҳро Юсупова, иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд Умеда Ҳошимова, котиби матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод имомхатиби масҷиди ҷомеи «Тақво» Хисрав Ҳомидов иштирок намуда, Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғдро мутахассиси пешбар Рустам Ҷамолов намояндагӣ кард.

Чорабинӣ баъди садо додани Суруди миллӣ, ки ба он аҳли толор ҳамовоз гаштанд, бо сухани ифтитоҳии раиси кумитаи маҳаллаи Тиллокон Баҳрӣ Собирова оғоз гардид. Номбурда баъди муаррифии ташкилкунандагон ва меҳмонони даъватшуда ба аҳли толор мақсади баргузории онро шарҳ дод. Баъдан чорабинии тантанавӣ, ки хусусияти маърифатию фарҳангӣ дошт, таҳти раисии сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова ҷараён гирифт.

Маърўзаи имомхатиби масҷиди ҷомеи тақво Хисрав Ҳомидов бо зикри хизматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини миллати тоҷик, таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ дар кишвар ва зикри дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ сар шуда, бо овардани мисолҳо аз рўзгори ибратбахши шахсиятҳои маъруф ва ояту ҳадис мавсуф бори дигар ёдовар шуд, ки дар олам «неъмате беҳтар зи истиқлол нест», ваҳдату суботи комили сиёсӣ асоси ҳама комёбиву пешравӣ мебошанд, ки Худованд барои аҳли ҷомеаи Тоҷикистон арзонӣ доштааст. Яке аз нишонаҳои инсони комилу ботақво он аст, ки ба қадри чунин неъматҳо мерасад ва созандагиву бунёдкориро пеш мегирад.

-Муҳоҷирати меҳнатӣ, – гуфт Хисрав Ҳомидов, – падидаи иҷтимоиест, ки дар пешрафтатарин кишварҳои олам ҳам ба назар мерасад. Дини мубини ислом ҳаргиз мухолифи ба хотири пешбурди рўзгор, таъмини зиндагии шоистаи аҳли оила, таълиму тарбияи сазовор додан ба фарзанд, ба даст овардани даромад ва бо ин васила обод намудани як гўшаи нообод ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандон нест. Аммо онҳое, ки чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар амалҳои ғайриинсониро ба роҳ монда, терроризму экстремизмро ғазо дар роҳи Худо мешуморанд, танҳо ба номи ин дини мубин ва халқу Ватани худ нанг меоранду халос.

Дар идомаи суханронӣ таъкид шуд, ки таълиму тарбияи сазовор додан ба фарзанд, расидан ба қадри заҳмати дигарон, парҳез аз корҳои бад дар радифи дўст доштани меҳан аз нишонаҳои имондорианд. Бо назардошти ҳузур доштани падару модари хонандагони иштирокчии чорабинӣ ва сокинони маҳаллаи Тиллокон имомхатиб аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки нисбати таълиму тарбияи фарзанд масъулият ҳис кунанд, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанашон робитаро бо фарзандону пайвандонашон гум накунанд. Агар дар хислату рафтори онҳо ё ҳамсояву ҳаммаҳаллаи худ рафтори шубҳанокро мушоҳида намоянд, ҳатман онро пайгирӣ кунанд. Дар пешгириву решакан кардани падида ва омилҳои номатлуб бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияти миллӣ ҳамкорӣ намоянд.

Бетарафӣ аз ҷониби Хисрав Ҳомидов гуноҳи нобахшиданӣ арзёбӣ гардид ва вобаста ба ҳамин мавзўъ ў байти машҳури Саъдии Шерозӣ:

Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомўш биншинӣ, гуноҳ аст. – ро ёдрас кард. Ҳамчунин зикр дошт, ки се сол боз вазифаи ҳозираашро ба зимма дорад, аҳли маҳаллаи Тиллоконро хуб мешиносад ва ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо онҳост. Ба шаҳрвандони хоҳиши ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтандошта маслиҳат дод, ки бо аслиҳаи донишу маърифат, забондонию ҳунар ба сафар бароянд ва ҳаргиз ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторзода дар оғози сухани худ каме дар бораи таърихи пайдоиши Рўзи байналмилалии муҳоҷир маълумот дода, дар симои аҳли толор муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро ба ин муносибат табрик гуфт ва ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, кумитаи маҳаллаи Тиллокон ва роҳбарияти муассисаи таълимии №19 барои дастгирӣ ва мусоидат дар ташкили чорабинии тантанавӣ изҳори сипос кард.

Номбурда низ зимни баёни андеша аҳли толорро бо хатарҳои ҷаҳони муосир шиносо карда, таъкид кард, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо ҳамеша дар меҳвари фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ қарор дорад. Имрўз дар радифи Сафоратхонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҳамзамон Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, чандин воҳид консулгариҳо дар вилоятҳои алоҳидаи ин кишвар мушкилкушои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд. Падидаи ҷолиб он аст, ки дар самти мазкур диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои миллӣ – фарҳангии ҳамватанони бурунмарзиамон ҳамхизмати шоистаро ба ҷо меоранд. Албатта, ин ҳама аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо мегирад.

Манзурат Саторова низ дар симои аҳли маҳаллаи Тиллокон аз аҳли ҷомеа даъват ба амал овард, ки дар атрофи Пешвои муаззами миллат боз ҳам зичтар муттаҳид шаванд, диёри аҷдодиро ободу зеботар намоянд, хонаи умеду орзуяшонро бо дасти худ бунёду маъмур созанд. Телефонҳои боварии шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷандро ба аҳли толор пешниҳод намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ бо сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират, Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» даъват кард.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо намоиши порчаҳо аз зиндагиномаю фаъолияти пурсамар ва иқдомҳои шоистаю ватандўстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи навор ибтидо бахшида шуд. Дар идома хонандагони МТМУ №19 бо қироати шеър, намоиши саҳначаҳои хусусияти тарбиявидошта, рақсу сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида сохтанд. Ҳангоми садо додани суруди «Қасам» кулли иштирокчиён, новобаста ба синну солашон, аз ҷо бархоста, кафкўбӣ намуданд, ки далели шукру сипос ва арҷгузориашон ба заҳматҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд.

Чорабинии тантанавиро директори муассисаи таълимӣ Олимҷон Умаров ҷамъбаст кард.

                                                                                              Мардон ҚУРБОНОВ