Баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ

133 просмотров

         Дар асоси Барқияномаи фаврии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 12.12.2018, №17.12/933 54 нафар кормандони дастгоҳи Раёсати  Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо бо баҳогузорӣ фаро гирифта шуданд. Комиссияи санҷишӣ иборат аз 6 нафар  таҳти сарварии сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ  бо роҳи саволу ҷавоб дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандонро ба пуррагӣ санҷид.

Саволҳо барои баҳогузорӣ вобаста ба донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи муҳоҷират аз рўи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаддасоти миллӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ», «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забони давлатӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд ва намунаи варақаи он», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби амалӣ намудани назорати муҳоҷират», «Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба тасдиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар», «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа», «Дар бораи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд», кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи одоби хизмати давлатӣ ва ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда буданд.

Комиссияи санҷишӣ бо роҳи саволу ҷавоб ва суҳбат ба донишу малакаи ҳар нафар корманд баҳои воқеӣ дод. Ҳамзамон ҷиҳати такмили онҳо вазифагузорӣ намуд.

Қарор карда шуд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандон бо роҳи ташкили машғулиятҳои омўзишӣ ва санҷишҳо минбаъд низ чораҳои амалӣ андешида шавад.

Гурўҳи корӣ тамоми кўшишу ғайрати худро ба он равона намуд, ки баҳодиҳӣ аз рўи талаботи «Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷараён гирад. Ҳамзамон ҷиҳати баҳои холисона ва воқеӣ додан ба фаъолияти ҳар як нафар хизматчии давлатӣ кўшиш ба харҷ дода шуд.

Натиҷаҳои баҳогузорӣ бо иштироки кули кормандон дар маҷлиси корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ва баланд бардоштани малакаи корию дониши сиёсӣ ва ҳуқуқии худ дастурҳои мушаххас  гирифтанд.

Аз рўи натиҷаҳои баҳогузорӣ ба 18 нафар хизматчёни давлатӣ баҳои «5», ба 23 нафар баҳои «4» ва ба 13 нафар баҳои «3» гузошта шуд.

 

                                                          Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                      дар вилояти Суғд