Терроризм ва экстремизмро маҳкум карданд

141 просмотров

Бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”, пешгирии шомилшавиишаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти ифротгароӣ таҳти унвони “Терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем”  мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода бо ҷавонони касбукори гуногун баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовинони раиси шаҳр, сардори  Раёсати маориф, сардори шуъбаи кор бо занон ва оила, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, гурӯҳи ҷавонони «Авангард», аъзои ташкилоти ҷамъияти “Пайравони Пешвои миллат” ва  хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои давлатии таълимӣ иштирок намуданд.

Дар назди иштирокчиёни мулоқот нахуст мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Аскар Ҳотамзода оид дастовардҳои ҷавонони шаҳр гузориш дод. Сипас сардори гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и шаҳри Истаравшан Ҷаҳонгир Маҳкамов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” МеҳроҷАбдуллоев, омӯзгорони ҷавон Умедҷон Нуруллоев  ва чанде аз аъзои фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-у ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” суханронӣ карданд.

Аз муҳтавои сухани онҳо бармеомад, ки нақши ҷавонони фаъол дар пешгирӣ ва мубориза алайҳи шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бориз буда, онҳо нисбати чунин амалҳои номатлуб оштинопазир ҳастанд ва хоинони миллатро бо вокунишҳои асосноки хеш маҳкум менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки гузаронидани чунин вохўриҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси масъулиятшиносиву ватандӯстӣ, худоогоҳиву хештаншиносии насли ҷавон ва сазовори давру замон ба камол расидани онҳо замина мегузорад.

Дар фарҷоми мулоқот як зумра фаъолон  барои саҳми арзанда дар пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ва оммавӣ- фарҳангӣ ба Сипоснома ва туҳфаи хотиравии МИҲД-и шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Бино ба иттилои мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан Фирдавс Ҳакимов дар рафти мулоқот мавзўи муҳоҷирати бехатар низ мавриди баррасӣқарор гирифт.

 

Бахши Хадамоти муҳоҷират

дар шаҳри Истаравшан