Паёме, ки аз дилу ҷон омад

127 просмотров

 

 

Зимни шунидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат, ки дар арафаи фарорасии Соли нави милодӣ рўҳияи идонаи аҳли ҷомеаро дуболо намуд, беихтиёр ин байти шоир ба ёд омад:

Ин паёмест, ки мо аз дилу ҷон овардем

Ба ту, эй халқи муаззам, ба ту эй халқи кабир.

Воқеан ҳам, Паёми навбатии Сарвари давлат, ки аз умқи ҷону дил берун омадааст, бори дигар ба сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ояндаи дурахшон ва фардои босаодат башорат дод.

Чанд дастовардҳои муҳиме, ки дар оғози ироаи Паёми навбатӣ садо доданд, аз қабили  дар соли 2019-ум 7,5 фоизро ташкил додани суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз; дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ; дар ин давра қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шудани ҳаҷми умумии даромади буҷет; беш аз ду баробар афзоиш пайдо кардани даромади пулии аҳолӣ ва 2,4 баробар афзоиш пайдо кардани музди меҳнати миёнаи як корманд; дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардида, дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил кардани бақияи пасандозҳо; ба 27,5 фоиз пастшудани сатҳи камбизоатӣ ва то 75 сол боло рафтани дарозумрии миёнаи шаҳрвандон; дар замони соҳибистиқлолӣ қариб ду баробар паст шудани сатҳи фавт, аз ҷумла3,2 баробар кам шудани фавти кӯдакони сини то панҷ сола; аз 54 фоизи соли 2013 ба 70 фоиз расидани саҳми бахши хусусӣ дар соли 2019 ва дигар муваффақиятҳое, ки дар Паём зикр шуд, нишонаи дар маҷмўъ иҷро гардидани нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбини намудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол мебошанд. Бояд гуфт, ки чунин комёбӣ дар шароити мураккаби имрўзаи ҷаҳон на ба ҳар кишвари рў ба тараққӣ муяссар мегардад.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ҳам ҳолати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро мавриди таҳлилу баррасии амиққарор дода, ҳамзамон самтҳои асосии фаъолиятро барои соли 2020 ва солҳои минбаъда ба таври дақиқ нишон доданд.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки соли 2020 ҷиҳати ба 87,4 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо суръати афзоиши он дар сатҳи 7,8 фоиз ва дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин кардани қисми даромади буҷет чораҳои зарурӣ андешад.

Ҳамчунин дар 7 соли оянда таъмин намудани суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми он беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ зарур арзёбӣ гардид.

Падидаи ҷолиб он буд, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба масъалаи ташкили ҷойҳои нави кор, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар умум фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ба ҳар сокини мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ диққати зарурӣ медиҳанд.

Бино ба иттилои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар кишвар дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 97 ихтисос, дар марказҳои таълими калонсолон аз рӯйи 57 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 166 ихтисос, дар маҷмӯъ, аз рӯйи 454 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешаванд.

Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар  сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

Дар баробари ин, барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш дода шуд, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар созад ва ихтисосу ҳунарҳоеро, ки барои кишвар заруранд, таъсис дода, ҷиҳати ба шуғл таъмин шудани сокинони мамлакат, бахусус, занону духтарон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Албатта, иҷрои ин супоришу вазифаҳо аз бисёр ҷиҳат ба манфиати муҳоҷирони меҳнатию аъзои оилаи онҳо ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ нигаронида шудааст. Аз касе пўшида нест, ки шаҳрвандони соҳибкасбу забондон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилот камтар дучор мешаванд.

-Мувофиқи маълумоти оморӣ,- гуфтанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – соли2019 шумораи шаҳрвандони мо, ки берун аз кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд, қариб 60 фоиз кам шудааст, ки ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар мебошад.

Вале ин нишондиҳанда ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.

Роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти марказиву маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайриҳукуматӣ, соҳибкорону тоҷирон ва умуман, ҳар як фарди ватандӯсту бонангу номусро зарур аст, ки барои ташкил кардани ҷойҳои корӣ дар кишвар талош намоянд.

«Бо ин мақсад, мо бояд то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои сокинони кишвар ҳар сол накам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем» махсус таъкид шуд дар Паёми навбатии Президенти мамлакат.

Ин таъкид, пеш аз ҳама, ба масъулин ва кормандони сохторҳои зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷират дахл дорад, ки мо ҳамчун вазифаи ҷонӣқабул намудем.Қобили қайд аст, ки ба шарофати эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсисёбии корхонаҳои нав, таҷдиди сохтории хоҷагиҳои калони кишоварзӣ, сар шудани корҳои сохтмонӣ дар шаҳракҳои навбунёди Сайҳун ва Баҳористон солҳои охир дар миқёси вилояти Суғд низ шумораи муҳоҷирони меҳнатӣрў ба камшавӣ дорад.

Барои ҳамватанони бурунмарзӣ пешбинӣ шудани визаи дарозмуддати бисёркарата далели дигари таваҷҷуҳи хоссаи Сардори давлат ба ин қишри ҷомеа, ки шарики рушди кишвар арзёбӣ мешаванд, мебошад.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми худ чанд маротиба ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд барои корҳои ободонии то имрӯз амаликардаашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд, ки нишонаи баланди одамият, раиятпарварӣ ва арҷгузориашон ба хизматҳои фарзандони ободгари Ватанаст:

«Ман аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям»-ро на ҳар нафар Роҳбар ба забон меорад. Ва бо ин арзи сипоси худ Ҷаноби Олӣба миллионҳо нафар дарси мардию инсонпарварӣ доданд.

Диққати аҳли ҷомеаро ба масъалаи омўзиши чуқури фанҳои дақиқ, забони модариву забонҳои хориҷӣ, китобхонию худшиносӣ ҷалб намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавре худашон баён доштанд, маҳз ба хотири таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, зинда доштани номи неки аҷдодони фарҳангсолору барўманд ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон ба аҳли олам буд.

Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.

Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо вазифадор шуданд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.

Чунин иқдом дар ягон давру замон аз ҷониби роҳбари давлате рўи кор наомадааст ва ба зоти худ назир надорад.

Вобаста ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 – сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷдошта, ба онҳо дар асоси Қонун “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.

Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.

Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар пешниҳод гардид, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.

Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад.

Пешниҳоди мазкур, албатта, дар радифи кормандони дигар соҳаҳои буҷетӣба аҳли ҷомеаи меҳнатии мо низ суруру шодмонӣ бахшид. Албатта, кўшиш менамоем, ки ҷавобан ба чунин дастгирию ғамхориҳо дар фаъолияти минбаъда ба дастовардҳои боз ҳам беҳтар ноил гардем ва нишондиҳандаҳои меҳнатиамонро афзунтар созем.

Тавре болотар таъкид доштем, ягон соҳаи хоҷагии халқ аз таҳлили дақиқи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон берун намонд. Ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ– Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли шоҳкитобест, ки роҳи зиндагию фаъолияти ҳар нафарро ба сўи оянда мунаввар месозад. Дар хусуси мазмуну муҳтаво ва қимати ҳар банди он метавон соатҳо ҳарф зад.

Вале мо бо ҳамин иктифо намуда, сухани худро бо иқтибоси зерин ба анҷом мерасонем: «Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд.

Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем».

Итминони комил дорем, ки ин иқтибос сармашқи кори кулли аҳли ҷомеа, аз ҷумла кормандони соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли равон мегардад.

 

                                                                     Зайнура ШАРИФӢ

                                                        сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                           дар вилояти Суғд