Ҳамкорӣ ба пешрафт мусоидат менамояд

588 просмотров

 

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, роҳбарият ва кормандони он дар вохўриҳо бо аҳоли дар назди аҳли ҷамъомадагон, шаҳрвандон, сокинон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе дар бораи қоидаҳои маъмурии буду бош дар Федератсияи Россия, шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ, вируси масунияти одам (ВНМО) ва касалии сил, инчунин ҷойҳои холи кори дар дохили ҷумҳури маълумоти муфассал медиҳанд.

Дар вохўриҳо таъкид карда мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд дар ҳама маврид ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба воситаи телефонҳои мобилӣ ва дигар таҷҳизот аз даромадан ба сомонаҳои номаълуму ношиноси интернетӣ худдорӣ намоянд. Чунки маҳз аз чунин сайтҳо истифода бурда, ҷинояткорон бо роҳи фиреб одамонро ба гурўҳҳои террористию экстремистӣ шомил менамоянд.

Ҳамзамон вобаста ба иҷрои барқияи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хатарҳо ва пешгирии сироят аз вируси масунияти одам (ВНМО) пайваста аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Раёсат кор бурда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар соли сипаригашта аз  ҷониби кормандони Раёсат 230 вохўриҳо  бо иштироки  16735  нафар  сокинони шаҳри Душанбе   анҷом дода  шудаанд,  ки  аз  ин  шумора  12504  нафар  мард ва 4231  нафар занҳо мебошанд.  Дар ин ҳамоишҳо ба иштирокчиён 9911 адад буклетҳо тақдим карда шуд.

Кормандони  Раёсат мунтазам дар Истгоҳи  роҳи  оҳани Душанбе ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳр бо шаҳрвандон вохўри гузаронида, бо онҳо  сўҳбатҳои  судманд  доир  менамоянд, ки ин ба пешрафти кор дар самти муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат менамояд.

                                                                  С.Бобоназарзода  

                                        сармутахассиси  шуъбаи муҳоҷирати меҳнати

                                 Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе