Вохӯриҳои судманд бо сокинон  

702 просмотров

 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат, фаъолияти худро дар асоси қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба роҳ монда, паи иҷроиши талаботҳои онҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Тавре аз бахши Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, аз оғози сол 2 вохӯрӣ бо сокинони шаҳру ноҳияи Ваҳдат оиди қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, стратегияи муқовимат ба коррупсия, экстремизм ва терроризм, тарғибу ташвиқи нуқтаҳои марбут ба касбомӯзию ҳунарҳои мардумӣ  дар Паёми Пешвои миллат ироа гардида, вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), бемории сил ва ғайра бо иштироки 43 нафар гузаронида шуд.

Зимни суҳбату вохӯриҳо кормандони бахш бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо оиди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ гузаронида, гуфта мешавад, ки ба ваъдаҳои пучу холии онҳо дода нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.  Ба шахсоне, ки вурудашон ба ФР манъгардидааст, бештар ба омӯзиши касбҳои коргарӣ тавсия дода мешавад.

Айни замон ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат аз аввали сол 246 нафар сокинони ҷамоату деҳотҳо муроҷиат намуданд.          Аз тарафи бахш ба шаҳрвандоне, ки воридшавиашон манъ аст ва хоҳиши дар дохили кишвар кор карданро доранд ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ваҳдат равона карда шуданд.

Ҳамин гуна мулоқотҳо бо аҳолӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат гузаронида мешаванд.

 

                                                                      Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                            дар шаҳри Ваҳдат