Раиси ноҳия аҳли ҷомеаро ба касбу ҳунаромӯзӣ даъват кард

653 просмотров

 

 

Аз оғози моҳи январ сар карда бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҳам дар сатҳи ноҳия ва ҳам дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо ташвиқу тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Падидаи ҷолиб дар ин чорабиниҳо шахсан ширкат варзидани раиси ноҳия ва муовинони ӯ, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони меҳнат ва шахсиятҳои барӯманд аст.

Аз ҷумла, дар чорабиниҳое, ки рӯзҳои 24 ва 26-уми январ дар қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки зиёда аз 350-нафарӣ шаҳрвандон доир шуданд, раиси ноҳияи Деваштич С. Зиёзода ва прокурори ноҳия А. Раҳмонзода ширкат варзида, дар назди аҳли толор суханронӣ карданд.

Дар радифи дигар дастуру супоришҳои Пешвои миллат масъалаи саросар соҳибкасб намудани сокинони аз синни 18-сола болои мамлакат, рушди касбу ҳунарҳои миллӣ, ҳарчи бештар фароҳам овардани ҷойи нави кор ва коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ба таври васеъ дар рафти ин чорабиниҳо баррасӣ шуд. Дар маърӯзаҳои раиси ноҳия таъкид гардид, ки барои иҷрои саривақтии супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба мақоми олии қонунгузори кишвар бармеоянд, аз ҷумла ҳам дар самти касбу ҳунаромӯзонӣ, ҳам дар самти рушди ҳунарҳои мардумиву меҳнати хонагӣ ва ҳам дар самти ташкили ҷойҳои нави кор дар ноҳияи Деваштич имкониятҳо фаровонанд. Аз сокинон, махсусан насли ҷавон хоҳиш карда мешавад, ки аз онҳо босамар истифода баранд, зиндагии шоистаашонро бо касбу ҳунаромӯзӣ ва меҳнати созанда таъмин намоянд.

Прокурори ноҳия зимни суханрониаш диққати иштирокдорони чорабиниҳоро асосан ба рафти татбиқи қонунҳои миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва маросим”, ҳамчунин пешгирӣ ва мубориза ба муқобили хатарҳои ҷаҳони имрӯзаҷалб намуд. Дар симои иштирокчиёни чорабиниҳо аз аҳли ҷомеа даъват ба амал овард, ки бо падидаҳои номатлуб муборизаи беамон баранд ва нисбати тақдири худу насли ояндасоз бепарво набошанд.

Мудири бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич Санавбар Баҳодурова, духтури тибби оилавӣ Хосият Шокирова, омӯзгори ҷавон Нигора Ғаниева, собиқадорони меҳнат Сабоҳат Анварова, Мамлакат Абдусамадова ва Раъно Аҳмадҷонова дар рафти музокира саволу ҷавоби озод махсус таъқид карданд, ки сокинони ноҳияи Деваштич ҳам Паёми Пешвои муаззами миллатро ба ҳайси дастури амал ва роҳнамою сармашқи кор пазируфтаанд ва дар самти иҷрои супоришҳое, ки аз ҳуҷҷати мазкур бармеоянд, аз имкониятҳо босамар истифода мебаранд.

Ҳамин гуна мулоқот бо аҳли ҷомеа рӯзи 30-юми январ дар Ҷамоати деҳоти Ғазантарак доир шуд.

Дар назди иштирокчиёни ин чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич С. Баҳодурова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия З. Аҳмадҷонова, мутахассиси пешбари бахши ҷавонон ва варзиш Р. Саъдуллоева ва муовини раиси ҷамоат З.Амонова суханронӣ карданд.

 

                                                                     Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                 дар ноҳияи Деваштич