Тоҷикони Уфа: «Дар ободии Ватани аҷдодӣ-Тоҷикистон саҳм мегузорем»

681 просмотров

 

Ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов дар доираи сафари корӣ  дар  Федератсияи Россия   29 январ аз шаҳри Москва ба шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон  рафт. Ҳайати мазкур  бо роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангӣ, диаспораҳо,  соҳибкорони тоҷик, намояндагони Палатаи савдо ва саноат, инчунин роҳбарияти ин минтақа  мулоқоту суҳбатҳо  анҷом доданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин вохӯриҳо ҳайати мазкур ба иштирокдорони  ҷамъомад оид ба имкониятҳои иқтисодию тиҷоратӣ, раванди босуръати корҳои ободонию созандагӣ, имтиёзу шароити мавҷудаи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ,  рушди соҳибкории хурду миёна, коркарди маҳсулот ва содироти он ба хориҷи  мамлакат  маълумоти муфассал дода, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуд.

«Ҳамватанон ва соҳибкорони бурунмарзии  мо  ҳангоми суҳбат зикр  намуданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  сармашқи кори худ қарор дода, баҳри ободии Ватани аҷдодӣ-Тоҷикистон саҳм мегузоранд. Онҳо аз дигаргуниҳои куллие, ки дар Тоҷикистон, аз ҷумла, ободу зебо гаштани пойтахт — шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои дигар рӯй додаанд,  инчунин аз сохтмонҳои бузург, ба мисли НБО-и «Роғун», роҳҳои байналмилалӣ ва  корхонаҳои азим дар  ҷумҳурӣ  изҳори қаноатмандӣ намуда, аз  тасмими хеш оид ба таъсиси коргоҳҳои нав, сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо соҳибкорони вилоят  дарак доданд»,-афзуд манбаъ.

Дар ҳамоиш Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон Саид Эмом Давлат иштирок намуда, оид ба ҳамкории минбаъда, ки ба манфиати ҳарду давлат  нигаронида шудааст,  ибрози андеша  намуд.

Инчунин дар доираи сафари корӣ намояндагони вилояти Хатлон бо раис ва роҳбарияти Кумитаи муносибатҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия вохӯрӣ доир намуданд. Масоили марбут ба роҳандозӣ ва тақвияти равобити иқтисодӣ мавзӯи меҳварии мулоқоти мазкур буд.

Хотиррасон мешавем, ки бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода феълан ду гурӯҳи кории вилоят таҳти роҳбарии муовинони раис Раҷабалӣ Раҷабов ва Умед Зоҳирзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо минтақаҳои Россия ва оростани суҳбату мулоқотҳо бо ҷамъиятҳои тоҷикону ҳамватанони бурунмарзӣ бо сафари корӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия қарор доранд.

Бояд тазаккур дод, ки ба ҳайати мазкур, ки роҳбарии онро муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ба уҳда дорад, мудири бахши робита бо кишварҳои хориҷии Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Қурбон Вализода, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилоят Сайфиддин Хайрулло, раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов, раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода, муовини аввали раиси ноҳияи Панҷ Шарофиддин Асомиддинзода шомил мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки   27  январ ҳайати мазкур  бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторӣ вохӯрда, оид ба масоили зикршуда  мубодилаи афкор намуданд.

Сипас, дар толори сафорат вохӯрии ҳайати вилоят бо намояндагии вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолият мекунанд, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, диаспораҳо ва дигар шахсони расмӣ сурат гирифт.

Дар ҷаласа иштирокчиён оид ба имконоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҷалби соҳибкорони бурунмарзии тоҷик ба раванди босуръати корҳои ободонию бунёдкорӣ дар мамлакат, имтиёзу шароити мавҷудаи вилояти Хатлон барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди маҳсулот ва содироти он ба хориҷи  мамлакат суҳбат намуданд.

Дар идомаи ҷамъомад зикр гардид, ки баъд аз омодагии ҳамаҷониба бо иштироки бевоситаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Федератсияи Россия баргузории Форуми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Хатлон ва сармоягузорон ба нақша гирифта шудааст.

Дар охир ҷамъомадагон оид ба таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди коргоҳҳои истеҳсолию марказҳои хизматрасонӣ ва баргузории форуми бошукӯҳи тиҷоратӣ дар шаҳри Москва табодули афкор намуда, барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ба намояндагони вилояти Хатлон суолу пешниҳодҳои худро баён карданд.

                                                                                          АМИТ «Ховар»