Вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ

756 просмотров

 

 

Соли равон вобаста ба ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд се нақшаи чорабиниҳои муштаракро ба имзо расонид. Нақшаи якум оид ба чорабиниҳои муштараки Раёсатҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шўрои уламои вилоят мебошад, ки дар ҳаряк ҷамоати шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳалла ҳадди ақал якададӣ гузаронида мешавад. Мавзўи калидии ин чорабиниҳо пешгирӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати бехатар мебошад.

Нақшаи дуюм нақшаи чорабиниҳои муштараки марказҳои вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили БПНМ (СПИД) ва Раёсат аст. Аз рўи нақшаи мазкур чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар ҳамкории байни ин се ниҳод вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳли ҷомеа гузаронида мешаванд.

Нақшаи семи чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ҳамкории Раёсатро бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пешбинӣ менамояд. Дар рафти ин чорабиниҳо бештар ба масъалаи ташвиқу тарғиби ҳунарҳои миллӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии занон, таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии хушунати оилавӣ ва вайроншавии оилаҳои ҷавон, ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва ҳалли мушкилоту муаммоҳои рўзгори бонувон эътибор дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки бо оғоз шудани моҳи феврал корбарӣ аз рўи нақша – чорабиниҳои болозикр оғоз гардид. Аз ҷумла, рўзҳои 5 ва 6 феврал дар шаҳри Хуҷанд ду чорабинии калони иттилоотӣ – маърифатӣ гузаронида шуд. Чорабинии якум дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 бо фарогирии омўзгорон ва хонандагони синфҳои 9 – 11-и ҳамин муассиса ва  дабистони №6 (ҷамъ 80 нафар) ҷараён гирифт. Баъд аз сухани ифтитоҳии сарвари мактаб Р. Зиёбоева дар назди ҳозирин мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд И. Тўраев, намояндаи Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологӣ Н. Баротова ва мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳр А. Ғафуров суханронӣ карданд.

Дар чорабинии дуюми маърифатӣ – иттилоотӣ, ки 200 нафар намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро баҳам овард, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ҳ. Маҳмудов, сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр У. Юсуфӣ, муовини сардори шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд И.Шарипов, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират М. Саторова ва имомхатиби масҷиди ҷомеи «Тақво» Х. Ҳомидов иштироку суханронӣ карданд.

Рўзи 6 феврал ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо фарогирии 120 нафар шаҳрвандон чорабинии маърифатӣ – иттилоотӣ гузаронида шуд. Дар рафти он вобаста ба мавзўи муҳоҷирати бехатар сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара М.Ахмедов ибрози назр намуд.

Ҳамин гуна чорабинии миқёсан калон рўзи 7 феврал дар коллеҷи муҳандисии ноҳияи Ҷаббор Расулов доир гардид, ки дар он мовини сардори Раёсат Ҷ. Сайфуллозода ва мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Р. Ҷамолов иштирок намуданд. Дар умум дар ин чорабинӣ ҳам зиёда аз 250 нафар шаҳрвандон ширкат варзиданд.

Ҳамаи чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаштанд. Қабл аз ҷамъбаст байни ташкилкунандагон, маърўзачиён ва иштирокчиён суҳбати озод  ва саволу ҷавоб доир шуд.

 

                                                                   Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                   дар вилояти Суғд