Ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод

81 просмотров

 

 

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ташкил намудани ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод дар шаҳри Исфара анъанаи дерина аст. Чунин иқдом рўзи 20-уми феврал дар Ҷамоати деҳоти Чоркўҳ бо ташаббуси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолон” ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара роҳандозӣ шуд. Ёдовар мешавем, ки ҷамоати мазкур баъд аз Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров калонтарин ҷамоати вилояти Суғд буда, наздик ба 50 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.

Ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод дар маркази ҷавонони деҳаи Чоркўҳ ҷараён гирифт ва ба он 420 нафар намояндагони касбу кори гуногун, шаҳрвандони бекору корҷўянда, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, берункардашудаю воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия муваққатан манъгардида ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин занону духтарони хонашин ташриф оварданд.

Дар рафти ярмарка корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳам ба роҳ монда шуд. Дар назди ҳозирин муовини раиси Ҷамоати деҳоти Чоркўҳ У. Халоқов, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ М. Мансурова, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара М. Ахмедов суханронӣ намуда, баъди ташвиқу тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021, касбу ҳунаромўзӣ, китобхонӣ, муҳоҷирати бехатар, тарзи ҳаёти солим ва бунёдкорию созандагӣ аҳли ҷомеаро ба ободонии диёр, иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии дарпешистода, омодагии ҳаматарафа ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд.

Маърўзачиён зимни суханронӣ ҳамчунин ташрифовардагонро бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, бемориҳои сироятӣ, одамрабоию савдои одамон, истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон, хушунати оилавӣ ва ғайра ошно сохта, аз насли ҷавон даъват ба амал оварданд, ки бо адои хизмати ҳарбӣ қарзашонро дар назди Модар – Ватан сарбаландона ва масъулиятшиносона ба ҷо оранд.

Ҳамагӣ дар рафти ярмарка 350 ҷойи холии кор ва вазифаи озод бо музди меҳнати аз 400 то 2300 сомонӣ аз ҷониби кордиҳандагон пешниҳод ва муаррифӣ гардид. Ҳамагӣ 11 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, 12 нафар ба кори доимӣ роҳхат гирифтанд ва 36 нафар барои касбомўзӣ номнавис шуданд.

 

                                                                  Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                     дар шаҳри Исфара