Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

607 просмотров

 

 

         Сокинони деҳаи Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич имрӯз аз он ифтихор менамоянд, ки Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ӯрунбек Ёқубов дар ҳамин ҷо ба дунё омадааст. Аммо ҳамин нуктаро бояд таъкид кард, ки сокинони ҷамоат ҳамагӣ инсонҳои меҳнатқарин, дӯстдори Ватани аҷдодӣ, ташкилотчию ташаббускор ҳастанд ва дар деҳқонию чорводорӣ дасти тамом доранд. Новобаста ба ин, ҳамасола як қисми муайяни онҳо ба муҳоҷирати меҳнатии мавсимӣ мераванд ва зиндагиашонро бо ҳамин васила пеш мебаранд.

Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботу ташвиқот дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, деҳаи Хуштоири Муҳлони ҳамин ҷамоат бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ гузаронид. Дар ташкил ва гузаронидани он бо бахши ноҳиявии Хадамоти муҳоҷират, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Деваштич ва Ҷамоати деҳоти Яхтан ҳамкорӣ карданд.

Бино ба иттилои мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Санавбар Баҳодурова  дар назди ҳозирин намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Исомиддинов, директори Маркази ноҳиявии ташаккули тарзи ҳаёти солим К. Тӯйчиев, мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират С. Одинаев ва раиси Ҷамоати деҳоти Яхтан С. Мамадиев суханронӣ карданд.

Дар рафти чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ, ки наздик ба 70 нафар намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолиро ба ҳам овард, муҳоҷирати бехатар, тарзи ҳаёти солим, рушди ҳунарҳои мардумӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим, бунёдкорию созандагӣ ташвиқу тарғиб гардида, аҳли ҷомеа ба пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз даст надодани зиракию ҳушёрии сиёсӣ, масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар ва афзун намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ даъват карда шуданд.                                                                                            

                                                                      Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                дар ноҳияи Деваштич