Баррасии муроҷиати дастҷамъона

638 просмотров

 

 

Тибқи супориши сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дархости Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят аз 24.02.2020, № 21/3-164 оид ба шомил шудан ба ҳайати гурўҳи корӣ ҷиҳати баррасии аризаи дастҷамъонаи сокинони деҳаи Заврони ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Азизқулов Шодимурод ва дигарон мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат Ҳусейнҷон Зоидов ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар гурўҳи корӣ дар ҳайати сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят подполковник А.Холов, мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят Ҳ. Зоидов, геологи пешбари Корхонаи воҳидии «Экспедитсияи иқтишофи геологии Моғиён» М. Закотов, сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент майор П. Амонзода, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент А. Абдушаҳидов, сармутахассиси ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ М. Хўҷаев бо иштироки раиси маҳаллаи Заврон Ў. Тоштемиров ва муроҷиаткунандагон Р. Ниёзов, Э. Абдуллоев, Р. Каримов, Ҳ. Мирзоев ва Д. Азизов  дар деҳаи Заврон аризаи мазкурро мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор дод.

Азназаргузаронии минтақа нишон дод, ки ҳақиқатан фаромадани ярч ба қайд гирифта шуда, минбаъд ба хонаҳои истиқоматии дар ин ҷо ҷойгирбуда зарар расониданаш аз эҳтимол дур нест. Тибқи гуфтаҳои раиси маҳалла моҳи апрели соли 2019 дар натиҷаи фаромадани ярч ба аҳолӣ зарар расидааст.

Мувофиқи маълумоти котиботи ҷамоат дар китоби бақайдгирии №49 дар деҳаи Заврон 41 хоҷагӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз мобайни деҳа сой мегузарад. Ҳолати кунунии он ташвишовар буда, ярчи фаромадаистода метавонад пеши маҷрои обро маҳкам намояд.

Аз ҷониби мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ба намояндаи ҷамоат ва сохторҳои дахлдори шаҳри Панҷакент, ки ба гурўҳи корӣ ҳамроҳ буданд, тавсия дода шуд, ки ҳарчӣ зудтар вазъи экологиро  омўхта, бобати дохил намудани онҳо ба нақшаи муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021 – 2023 ва аз минтақаи бехавф бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намуданашон чораҳои амалӣ андешанд.

 

Мардон ҚУРБОНОВ