Мулоқот дар литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд

603 просмотров

 

 

           Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд дар самти пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуби ҷомеа ва хатарҳои ҷаҳони муосир, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, ташвиқу тарғиби касбу ҳунар ва тайёр намудани мутахассиссон аз оғози ба фаъолият сар кардани шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд бо он ҳамкории босамарро ба роҳ мондааст. Дар доираи ин ҳамкорӣ чандин чорабиниҳои муштараки иттилоотӣ – маърифатӣ ва фарҳангӣ – адабӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир ва дигар ҷашну санаҳои таърихӣ гузаронида шуданд.

Чорабинии навбатии муштараки онҳо ба татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016 – 2020 бахшида шуд. Бо назардошти дар маҳаллаи “Ваҳдат” ҷойгир будани муассиса ба ғайр аз хонандагон, омўзгорону устоҳои таълимӣ як гурўҳ сокинони ин маҳалла, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳам дар ин чорабинӣ иштирок карданд. Дар ташкил ва гузаронидани он шуъбаҳои кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр низ саҳмгузорӣ намуданд.

Дар назди аҳли толор баъди сухани ифтитоҳии сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм собиқадори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, намояндаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Ҳ. Маҳмудов, сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси шаҳр М. Қаҳҳорӣ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Н. Ғаниев суханронӣ намуданд.

Дар рафти ин суханрониҳо мавзўъҳои муқовимат бо коррупсия, пешгирии хушунати оилавӣ ва аз ҳам пошхўрии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани нақшу мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рўҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, танзими ҷашну маросим, эҳёи касбу ҳунарҳои миллӣ, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободонии маҳал ва таҳкими ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки танҳо муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз як гиребон сар баровардани аҳли ҷомеа ва талоши дастҷамъона моро ба пирўзӣ расонида, ояндаи дурахшони наслҳоро таъмин менамояд.

Ҳамагӣ дар чорабинӣ 150 нафар иштирок доштанд.

Зимни ҷамъбасти он директори литсей Х. Нурматов ба ташкилкунандагон миннатдорӣ баён кард ва гуфт, ки минбаъд ҳам анъанаи ташкил намудани чунин мулоқотҳои судмандро идома медиҳанд.

 

                                                                       Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                         дар шаҳри Хуҷанд