Интихобот одилонаву шаффоф баргузор шуд

587 просмотров

 

Субҳи 1 март сокинони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мисли дигар мардуми Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд доир гардидани интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ба таври  фаъолона ба участкаи интихоботӣ ва участкаи якмандатаи интихоботии №20, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир буд, ҳозир гардида,  ба тарфдории номзадҳои арзандаи худ овоз доданд.

Сокини маҳаллаи Шоҳмансур Азизамо Ҳайдарова мегўяд, ки «интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои шаҳрию ноҳиявӣ як қисми нишондодҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сиёсати сулҳпарваронаву ваҳдатсози худро бо баёни чанд нукта дар мавриди интихобот зоҳир намуданд. Манфиати халқи тоҷик дар ин чанд нукта сароҳатан баён гардид. Ин аз ҳамаи мо, шаҳрвандон ва ашхоси масъул тақозо менамояд, ки муносибати ҷиддии худро нисбат ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ зоҳир намоем. Зеро интихоботи одилонаву шаффоф ва пазируфтани фарзандони лоиқи миллат ба ҳайси вакилӣ дар Парламенти маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ гарави пешрафти ҳамаҷонибаи ватани маҳбуби мо мебошад. Хушбахтона, имрўз аз ширкати зиёди сокинон маълум гардид, ки шаҳрвандони ноҳияи Шоҳмансур барои интихоби вакили арзандаи худ дар ин чорабинии сиёсӣ масъулияти баланди сиёсӣ нишон дода, дар рушду нумуи ватани азизамон саҳм гузошта, бетараф набудани худро исбот намуданд».

Раиси комиссияи участкаи интихоботии №20, Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода иброз намуд, интихоботи парламентӣ дар фазои ором ва идона доир шуд. Барои интихобкунандагон, тамоми шароит фароҳам оварда шуда, ба номзадҳои арзанда овоз доданд. Аз субҳ дар чеҳраи интихобкунандагон рўҳияи идона ҳукмфармо буд. Мардуми зиёд  барои овоздиҳӣ дар навбат буданд. Ин аз фаъол будани шаҳрвандон  дарак медод. Дар симои одамон дар саҳни бинои участкаи интихоботӣ эҳсоси шодӣ ва эътимоди комил ҳувайдо буд.

Дар ин кори басо муҳим масъулиятшиносиву мавқеи устувори шаҳрвандии ҳар як мутасаддӣ ба роҳ монда шуд, зеро саҳмгузорӣ дар интихобот – ин шараф аст.

Дар маҷмўъ шумораи интихобкунандагон 2433 нафарро ташкил дод. Аз шумораи умумӣ 1273 нафар мардҳо ва 1160 нафар занҳо буда, аз он 2382 нафар тоҷикҳо, 48 нафар узбекон ва 3 нафар русҳо буданд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзиданд.

Дар участкаи интихоботии №20 Хадамоти муҳоҷират овоздиҳии интихобкунандагон бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ баргузор гардид.

Бояд қайд кард, дар Тоҷикистони демократӣ, ки меҳвари аслӣ халқ аст, дар такя ба марому ниятҳои нек пешгузошташудаи халқ ҷараёни мунтазами пешрафту таҳаввулоти давлат ба роҳ гузошта мешавад. Ин раванду ҳолат дар таҷрибаи сиёсии давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ амалан собит гардиданд. Халқ ба воситаи вакилони интихобкардаи худ орзуву мароми худро баён намуда, дар симои онҳо ашхоси боэътимодро арзёбӣ менамояд.

Акнун умед аст, ки номзадҳои ғолиб ва вакилони мардумӣ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва арҷ гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю талош хоҳанд намуд.

                                                                                             Анвар ЮСУПОВ