Мавқеи зан дар ҷомеа

703 просмотров

 

 

Имрӯзҳо роҳбари давлатамон пайваста нисбати занон таваҷҷуҳии хоса зоҳир намуда, дар ҳар паёму баромадҳояшон мавқеи азалии зани тоҷикро ба тадриҷ ёдрас менамоянд.

Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» байни мардум инқилоби фикриеро ба вуҷуд оварда, дар арсаи ҷаҳон давлати демократӣ ва дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар нишон дод. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқии дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст. Зани тоҷик дар тасаввури ҷомеаи имрузаи мо на танҳо  ҳамчун олиҳаи покӣ ва муҳаббат манзалат дорад, балки дар  рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи  мамлакатамон  фаъолияти босубот дорад.

Мо, занону духтарон бояд фахр аз он дошта бошем, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Президенти кишвар  ба масъалаи мақоми зан дар ҷомеаи имрӯза диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Айни замон дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Хадамоти муҳоxирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қариб 60 нафар занону духтарон меҳнати босамар намуда, аз онҳо 5 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда  фаъолият менамоянд.

Аз ин лиҳоз,  мо занон кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар фазои оила ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ, меҳру муҳаббат ва шафқат нисбат ба якдигар ҳукмфармо бошад. Бунёдкори оилаи намунавӣ ва ҷамъияти солим бошем!

 

 

З. Кенҷаева

Раиси Шурои занони

Хадамоти муҳоҷират